Қотили Холмӯъмин Сафаров дар амалиёте боздошт шудааст

Холмӯъмин Сафаров

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки кормандони ин вазорат дар ҷараёни як амалиёт қотили Холмӯъмин Сафаров- директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро боздошт кардаанд. Дар бораи ҳуввияти ин қотил тавзеҳот дода нашудааст, вале гуфта мешавад, ки вай 14 июл боздошт гардидааст.

Холмӯъмин Сафаров аз хешовандони наздики президент Эмомалӣ Раҳмон аст ва шаби 13-ӯми июн дар наздикии хонааш дар яке аз маҳаллаҳои марказии шаҳри Душанбе ба қатл расид. Баъд аз ин куштор мақомот гуфтанд, ки қотилон ба сарӯ рӯи Холмӯъмин Сафаров чанд тир холӣ карда ва аз маҳалли ҳодиса ғайб задаанд.

Холмӯъмин Сафарови 57-и сола зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ва хатмкардаи факултаи биологияи Донишгоҳи миллӣ буда, чанд сол масъулияти сарраёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва то таъйин шуданаш ба ин мақом сарварии корхонаи коркардаи пунба (пахта) дар ноҳияи Данғараро бар дӯш доштааст.