Баъд аз нисфирӯзӣ дар Суғд борон пешбинӣ шудааст

Тибқи маълумоти ҳавошиносон, имрӯз дар Душанбе ва минтақаи Кӯлоб ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Рӯзона то 36-37 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Хуҷанд дар нимаи дуввуми рӯз борон пешбинӣ шудааст. Ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм хоҳад шуд. Шабона бориш қатъ мешавад.

Дар водии Вахш бориш дар назар нест. Гармии ҳаво ба 39 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Бадахшон низ борон намеборад. Ҳаво рӯзона то 25 дараҷа гарм мешавад.