Кӯмаки бардӯстонаи Қазоқистон ба Тоҷикистон

Қазоқистон ба арзиши 40 миллион танга ба Тоҷикистон кӯмаки башарӣ фиристодааст. Дар ин бора сомонаи КазахЗерно хабар додааст.

Ба ин кӯмак 80 000 литр рӯғани рустанӣ, 120 тон орд дохил мешавад.

Дар хабар гуфта мешавад, “ба сабаби пеш омадани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон ин кӯмак аз ҳисоби захираҳои давлатии Қазоқистон барои расонидани кӯмаки башарӣ ба ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад”.

Ин кӯмакҳоро Қазоқистон дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон мегузорад.