Сурия куштори дастаҷамъӣ дар Тураймисаро рад кард

Қурбониҳои амалиёт дар Тураймисаи Сурия

СММ изҳор намудааст, ки зоҳиран дар амалиёти 12-уми июл дар деҳаи Тураймиса нерӯҳои давлатӣ ҳадафмандона фирориён аз артиш ва фаъолонро мавриди ҳамла қарор додаанд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки дар ин амалиёт беш аз 200 нафар кушта шуданд, вале мақомоти Сурия мегӯянд, дар Тураймиса бархӯрд бо ошӯбгарон ҷой доштааст. Хушунат боиси аксуламалҳои байналмилалӣ шуд. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун аз Чин даъват кард, ки барномаи сулҳи фиристодаи байналмилалӣ Кофӣ Аннонро дастгирӣ кунанд. Аз эҳтимол дур нест, ки 17-уми июл ҳангоми мулоқоти Аннон бо президенти Русия Владимир Путин дар Маскав Кремл аз барномаи Аннон пуштибонӣ кунад.