Боздиди СММ аз макони куштори 200 нафар дар Сурия

Ҷасадҳои қурбониҳои ҳамла болои деҳаи Тураймиса

Нозирони СММ ба макони куштори тахминан 200 нафар, ки тибқи гузоришҳо аз дасти нерӯҳои давлатии Сурия ба қатл расидаанд, сафар карданд. Як манбаъ дар СММ ба хабарнигорон гуфт, ки шоми ҷумъа ҳайати нозирони СММ аз минтақаи куштор, воқеъ дар шаш километрии деҳаи Тураймиса, боздид ба амал овард. Дар сомонаҳои интернетӣ аксҳое насб шудааст, ки дар он сокинони маҳалла ба нозирони СММ боқимондаи тирҳои танки артиши Сурияро нишон медиҳанд. Сокинони деҳа Русияро бо таъмини силоҳу муҳиммоти артиши Сурия муттаҳам мекунанд. Ба гуфти онҳо ин силоҳ дар куштори мардуми мулкӣ истифода мешавад. Котиби давлатии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон мегӯяд, шаҳодати қобили эътимод ҳаст, ки режими Сурия дар ин деҳа ҳадафмандона афроди мулкиро ба қатл расондааст. Нозирони СММ ба фиристодаи бйналмилалӣ Кофӣ Аннон гузориш додаанд, ки дар ҳамла болои Тураймиса нерӯҳои содиқ ба президенти Сурия Башор ал-Асад аз танку чархбол истифода бурдаанд. Вале режими Сурия исрор меварзад, ки масъулияти ҳамла бар дӯши террористон аст.