Имкони хӯрдани ғизои солимро доред?

Пажӯҳиши нави "Economist Intelligence Unit" муайян кардааст, ки ҳанӯзам вазъи дастрасии аҳолӣ ба ғизои солим дар Тоҷикистон хуб нест.
Гавҳар тифли 5-моҳа дар батн дорад ва пизишкон ба ӯ гуфтаанд, барои рушди дурусти фарзандаш бояд ғизои сервитамин хӯрад. Аммо дар он сурат, мегӯяд ӯ, се кӯдаки дигараш гушна хоҳанд монд. Оила аз пуле зиндагӣ мекунад, ки сарвари он аз муҳоҷирати Русия мефиристад: «Хайр мувофиқи имкон мехарем, аммо аксаран хӯрокамон якрангу оддӣ аст, шурбо мехӯрем, мева албатта ҳоло гарон аст ва на ҳар рӯз имкони харидани меваву сабзаҷотро дорем. Фарзандони мактабхон дорам».

Дастрасии занон ба ғизои амну солим ва имкониятҳои иқтисодии онҳо дар пажӯҳиши нави "Economist Intelligence Unit" баррасӣ шуда, Тоҷикистон дар ин феҳраст баъд аз Қазоқистону Озарбойҷон ва Узбакистону Покистон ҷои 84-умро гирифтааст. Ин ҷойгоҳ бо омӯзиши вазъ дар 150 кишвари дунё ва аз рӯи 25 шохис муайян шудааст. Ҳамзамон дар ин гузориш роҷеъ ба нақши занон дар соҳаи кишварзӣ ва ҷалби онҳо ба истеҳсолот гуфта шудааст, ки агар занон мисли мардон ба захираҳои зарурӣ аз ҷумла ба тухмиву замин ва дигар маводи муҳиме, ки дар соҳаи кишоварӣ истифода мешаванд дастрасӣ медоштанд метавонистанд, то 20 30 дар сад ҳосили бештар ба даст оранд. Бинобар гузориши мазкур ҳоло 43 дар сади раҳбарони хоҷагихои ҷаҳонро занон ташкил мекунанд ва ин метавонад тавлиди ғизоро дар давлатҳои дар ҳоли рушд солона то 4 дар сад афзоиш ва гуруснагиро то 17 дар сад кохиш диҳад.

Сангинбой Сангинов намояндаи Барномаи ҷаҳонии озуқа ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар кишвар 80 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад ва танҳо 13 дар сади онҳоро занон идора мекунанд. Ба қавли ӯ саҳми занони тоҷик имрӯз дар тавлиди ғизои амн зиёд аст, аммо онҳо ба дараҷаи кофӣ дастгирӣ намешаванд.

«Имрӯз беш аз 70 дар сади кор дар замин бо дасти занон иҷро мешавад, аммо онҳо танҳо зердастанд ва мушоҳида мешавад, ки дар ин самт дастгирии онҳо кам аст. Хуб мебуд дар оянда ҳангоми интихоби роҳбарон ба занон таваҷҷӯҳи бештар мешуд, чун аксаран кормандони истеҳсолоти хоҷагӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ худи занонанд. Дар баробари истеҳсолот, бештар ба гурӯҳи роҳбарони соҳаи кишварзӣ дохил мешуданд бовар дорам дар он сурат дар ин самт тағйироти хубу зиёде овардан мумкин буд», гуфт Сангинбой Сангинов.

Ҷамила Баротова намояндаи созмони «Зан ва Замин мегӯяд,» амнияти озуқаро асосан занон метавонанд таъмин кунанд: «Маълум аст, ки имрӯз аксари мардони мо дар муҳоҷират қарор доранд ва аксари дигараш мардикориро аз кор дар саҳрову замин беҳтар медонанд. Ва кори саҳро аслан ба души занон меафтад, онҳо фарзанди худро таъмин мекунанд ва онҳо, ки модаранд албатта ғизои бехатар омода мекунанд. Мо талош дорем то якҷо бо занон бо усули бобои ва маводҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаву босифат парваришу истеҳсол кунем.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран вакилонии маҷлиси намояндагон ҳам қонуни наверо дар робита ба ғизои амн қабул карданд. Лутфулло Саидмуродов, иқтисоддон ва вакили маҷлиси намояндагон мегӯяд, беш аз 60 дар сади хӯрокворие, ки вориди Тоҷикистон мешавад ба талабот ҷавобгӯ нестанд: «Ин ҳамчунин яке аз талаботи созмонои умумиҷаҳонии савдо ҳам буд. Ҳоло ба ин масъала таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад. Ин маҳсулотҳо, ки аз хориҷ ба икшвар ворид мешавнад бояд назорат карда шаванд. Ин ба наздикӣ аз сӯйи маҷлисӣ миллӣ ҳам қабул мешавад ва дар ояндаи наздик ин мушкилот рафъ хоҳанд шуд».

Дар ҳамин ҳол бояд гуфт арзиши ғизо, ба вижа, маҳсулоти ниёзи аввал ба мисли гӯшту шир, равғану шакар поин рафтааст, аммо барои аксари мардум нарху навои бозор ҳамоно дандоншикан аст. Ҳоли ҳозир дар бозорҳои Тоҷикистон як кило гушти гов 32 , 1 халта орд аз 110 то 150 сомонӣ, як килло картошка 2,5 сомонӣ, як литр равған бештар аз 10 сомонист ва аксари оилаҳо мегӯянд онҳо тавони фароҳам овардани хӯрокеро надоранд, ки барои рушди ҷисми худу фарзандон мусоидат кунад.