Н.Абдуллоев дар ҳузури хабарнигорон роҷеъ ба қазияи додрас Нур Нуров ва "исфарагиҳо" сӯҳбат кард.
Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарии худ гуфт, хукми Додгоҳи олӣ дар мавриди парвандаи мавсум ба “исфарагиҳо" бебозгашт аст ва хатто агар ҳабси хонагии додраси парвандаи мазкур Нур Нуров ба ин ҳукм марбут бошад ҳам, ягон додгоҳ ва додрас дигар ҳаққи баррасии онро надорад:
«Агар вобаста ба парвандаи 33-нафараи исфарагиҳо сухан равад, ин парванда ҳукми худро гирифтааст ва ба қувваи амал даромадааст, ки на ман, на корпуси додгоҳӣ онро зери шубҳа бурда наметавонем ва ҳуқуқ ҳам надорем. Агар Нуров ба дигар кирдорҳо даст зада бошад, ҳоло парванда мавриди тафтиш қарор дорад ва гунаҳкории ӯро минбаъ додгоҳ маълум мекунад».
Дар ҳоле ки парвандаи пурмоҷарои “исфарагиҳо” аз иттиҳомоти зидди Низомхон Ҷӯраев, вакили пешини Маҷлиси намояндагони вилояти Суғд ва раҳбари корхонаи кимиёи Исфара сар шуда, бо бозгашти ин шахс аз Русия дар зери сарпарастии Оҷонси мубориза бо фасод ҳукми додрас Нуровро зери суол бурдааст, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон гуфт, парвандаи 33 сокини Исфара ва Ҷӯраев аз ҳам ҷудоянд.
Талоши ҷаноби Абдуллоев дар дидор бо хабарнигорон ин буд, ки қазияи боздошту истеъфоҳои пайиҳами муфаттишони парвандаи “исфарагиҳо”-ро аз ҳабси хонагии
Нуров “ҷудо” кунад. Ин дар ҳолест, ки Нуров дар як сӯҳбати телефонӣ, ки матни онро нашрияҳо ба чоп расонданд, иқрор кардааст, ки ҳукми 33 нафарро бо “машварат”-и раҳбари худ, яъне раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон баровардааст.
Акнун, вақте ки раиси Додгоҳи Олӣ ҳабси хонагии додрас Нуровро ба парвандаи исфарагиҳо рабт намедиҳад ва мегӯяд, ки ин ҳукм кайҳо ба иҷро даромадааст, як намояндаи баландпояи Оҷонсии мубориза бо фасод, ки нахост номаш бурда шавад, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, лағви дахлнопазирӣ ва ҳабси хонагии додрас Нуров “сад дар сад ба парвандаи «исфарагиҳо» бaстагӣ дорад”.
Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеи 11 тан аз 33 маҳкумшудаи парвандаи «исфарагиҳо» низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ пайванди наздики ҳабси хонагии Нуров ва ин парвандаро тасдиқ намуд:
«Ҳангоми баррасии парвандаи 33-нафара аз чанд нафар Нур Нуров, бо баҳонаи ин ки чанд нафари айбдорашавандаҳоро озод мекунад, маблағ мегирад, Лекин додрас ҳукмро дигаргуна содир мекунад. Дар сурате, ки додрас ба чунин амал даст мезанад, бояд ҳукмаш ҳам ғайриқонунӣ дониста шавад».
Нур Нуров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон собиқаи наздик ба 30-солаи кори додварӣ дорад. Вай аз моҳи июли соли 2008-ум то июни соли 2009-ум ба муҳокимаи парвандаи ҷиноии 33 сокини Исфара сарварӣ кард ва айбдоршавандагони парванда ба муддатҳои аз 10 то 25 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.
Чанде аз ҳуқуқшиносон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳороти ахири раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистонро, ки гӯё ҳукм бебозгашт аст, беасос хонданд ва мегӯянд, агар гуноҳи додрас Нуров исбот шавад ва аз тарафи Додситонии кулли Тоҷикистон, ки бо дархости он, додрас аз дахлнопазирӣ маҳрум гардид, ба ҳукм эътироз орад, бознигарии парванда аз эҳтимол дур нест.
Аммо дар бораи он, ки чаро чунин ҳолат пеш омадааст, коршиноси масоили ҳуқуқӣ Шоҳдавлат Шоҳнусайриев мегӯяд, иллат дар он аст, ки бархе аз ҳукмҳо бо ишораи “фармоишгарон” омода мешаванд ва ҳатто додрасҳои ботаҷриба низ мумкин аст, зери фишор ба гирдоби моҷаро афтанд.