Оғози фестивали «Боми ҷаҳон» дар Хоруғ

Фестивали «Боми ҷаҳон» дар Хоруғ субҳи рӯзи ҷумъа бо баргузории намоиши ҳунарҳои дастӣ оғоз шуд.
Ҳунармандон маҳсули бофандагӣ, мӯҳрасозӣ, пазандагиву ресандагӣ, кандакорӣ ва наққоширо ба намоишу фурӯш гузоштанд. Ҳадафи фестивал ҳамоиши фарҳангии халқҳои гуногун арзёбӣ мешавад.

Дар фестивали имсола дар баробари ҳунармандони кишварҳои ҳамҷавор аз Афғонистон, Қирғизистону Қазоқистон, дастаҳои ҳунарӣ аз Олмону Амрико низ ширкат меварзанд. Афғонистонро дар ин фествал гурӯҳи ҳунармандон бо сарварии Навоз - писари овозхони шинохтаи Афғонистон Мангали Бадахшӣ намояндагӣ мекунанд. Ин гурӯҳ таронаҳои халқиро барои иштирокдорони фестивал армуғон овардаанд.

Мангал мегӯяд, ки вай мухлиси бахши дарии радиои «Озодӣ» аст, аммо бинобар зиндагӣ дар кӯҳистон ва дуриву надоштани имконияти тамоси телефонӣ, наметавонад як иштибоҳеро, ки дар мавриди сурудҳои падараш дар радио пайваста рух медиҳад, ислоҳ кунад.

Вай баён дошт: «Вақте, нафарони зиёд аз гӯшаҳои ҷаҳон занг зада суруди маҳаллӣ талаб мекунанд, радио суруди Мангалро, ки падарам бо бародарам мехонад, мешунавонад, аммо эълон мекунад, ки суруди Бозгули Бадахшист. Намедонам чаро?

Гурӯҳи ҳунарии олмонӣ бо номи «Чилтан», ки зиёда аз 20 суруди тоҷикӣ дар ре-пертуари худ дорад ва тамошобинони оинаи нилгуни Тоҷикистон ба ҳунарнамоиашон хуб ошно ҳастанд, низ ба фестивал даъват шудааст. Овозхони гурӯҳ Ҷанин Дагелӣ гуфт, «мо ба фестивал бо ду суруди нав омадем, яке ба забони тоҷикӣ ва дигаре ба забони рӯшонӣ «Живҷум му палаянд вав» (Мехоҳам ҳамеша дар паҳлӯям бошӣ.

Оғози фестивали «Боми ҷаҳон» дар Хоруғ



Ба гуфтаи ҳунармандони олмонӣ, ҳамаи онҳо риштаи осиёимиёнашиносиро дар донишгоҳи Ҳумболти Берлин хатм карданд ва ширкат дар фестивали навбатиро фурсати муносибе барои такмил додани донишу малакаи худ мешуморанд.

Гурӯҳи амрикоии «Компания-E» дар чаҳорчӯбаи фестивал, бо роҳбарии Амика-эла Гатсон нахустин баромадашро дар назди бачагон ва наврасон дар Кохи ҷавонон оғоз карда, ҳозирин баромади гурӯҳро хуш пазируфтанд.

Устоди Донишгоҳи Хоруғ Қурбонбек Элчибеков ҳамоишро барои муаррифӣ намудани санъати мардуми минтақа ва таҳкими ҳамгироии фарҳангӣ муҳим ме-шуморад.

Вай гуфт: «Тамошобинон бо фарҳангӣ аврупоӣ ва амрикоӣ аз наздик шинос мешаванд, гузашта аз ин аз манотиқи кӯҳистони ҳамҷавор чеҳраҳое дар ин ҷо баромад мекунанд, ки шояд ягон бор имконияти дар телевизион баромад кардан надоштанд, вале фестивал имконияти хубе барои муаррифӣ намудани ҳунарашон аст."

Фестивали «Боми ҷаҳон» дар Хоруғ се рӯз идома мекунад.