Дар Тоҷикистон моҳи Рамазон 20-уми июл оғоз мешавад

Дар Тоҷикистон моҳи мубораки Рамазон сар аз рӯзи ҷумъаи 20-уми июл оғоз хоҳад шуд.
Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо РО гуфт, ки «ин тасмим дар нишасти ин шӯро ва бо ширкати аъзои он, ки аз ҷумлаи рӯҳониёни саршиноси кишвар аст, гирифта шудааст».

Ҳамчунин ба таъкиди Абдуқодирзода, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мавзӯи «дидан ё баромади моҳро бо Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи Улуми Тоҷикистон машварат карда ва дақиқ шудааст, ки ба таърихи 20 июл моҳи мубораки Рамазон ворид хоҳад шуд».

Бад ин тартиб қарор аст, намози таровеҳи нахустини моҳи шарифи Рамазон шоми панҷшанбеи 19-уми июл баргузор шавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Тоҷикистон моҳи Рамазон рӯзи 20 июл оғоз мешавад


Рамазон аз ҷумлаи моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарист ва дар тақвими исломӣ пас аз моҳи шаъбон ва пеш аз моҳи шаввол меояд. Дар ин моҳ мусулмонон ба ҷуз доштани рӯза, ба ибодат ва қироати Қуръон низ машғул шуда, қалби худро аз кина пок месозанд ва аз корҳои ғайришаръӣ даст мекашанд.

Кӯмак ва хайру эҳсон ба камбизоатон ва мӯҳтоҷон низ яке аз суннатҳои ин моҳи муборак будааст.

Дар ҳамин ҳол Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт, ки онҳо, яъне аҳли рӯҳониён аз сокинон, ба хусус тоҷирону соҳибкорон даъват ба амал меоранд, то дар ин моҳ ба хайру эҳсон кор бигиранд ва талош кунанд, то нархи маҳсулот дар бозорҳо пойин биравад.

Аммо мушоҳидаҳо ҳокист, ки нархҳо одатан дар бозорҳои Тоҷикистон дар айёми моҳи Рамазон ва ҷашнҳои мазҳабӣ ба ҷои пойин рафтан, афзоиш меёбанд.

Зимнан, моҳи шарифи Рамазон муддати чанд соли ахир дар фасли тобистон фаро мерасад ва гармои ҳаво мунҷар ба изтироби аксари сокинон барои гирифтани рӯзаашон шудааст. Зеро онҳо мегӯянд, дар ҳоле, ки рӯзҳо дароз ҳастанд ва гузашта аз он дамои ҳаво низ маҳсус аст, рӯза гирифтан барояшон чандон саҳл нахоҳад буд.