Мухолифон дар Сурия аз кушта шудани беш аз 200 тан аз ғайри низомиён дар яке аз деҳаҳои наздики шаҳри Ҳимо хабар медиҳанд.
Ба гузориши хабаргузории Ройтерз ба нақл аз манобеи мухолифони ҳукумати Башор Асад, ин куштор шоми панҷшанбе дар деҳаи Тремсеҳ сурат гирифтааст.
Дар ибтидо нерӯҳои давлатӣ ин минтақаро ҳадаф қарор додан ва ба дунбол шибҳи низомиёни тарафдори давлат, ки ба онҳо «шабеҳа» гуфта мешавад, ба ин русто ҳамла бурдаанд.
Бино ба ин гузориш, ибтидо шуморе аз сокинон бар асари тирборони нерӯҳои давлатӣ ҷон бохтанд. Пас аз он шибҳи низомиён шумори дигареро эъдом карданд.
Дар ҳамин ҳол телевизиони давлатии Сурия гузориш додааст, ки се тан аз нерӯҳои амниятӣ дар даргириҳои деҳаи Тремсеҳ кушта шуданд. Ин гузориш ҳамчунин «гурӯҳҳои мусаллаҳи террорист»-ро муттаҳам ба куштори ғайри низомиён дар ин русто кард.
Шӯрои раҳбарии инқилоби Сурия дар вилояти Ҳимо дар баёнияе эълон кард, ки шомгоҳи панҷшанбе беш аз 200 нафар дар деҳаи Тремсеҳ кушта шуданд. Ин баёния афзудааст, ки қурбониён дар натиҷаи тирборон ва эъдоми дастаҷамъӣ ҷон бохтаанд.
Иттиҳодия кумитаҳои маҳаллии ҳамоҳангии эътирозҳо дар Сурия низ дар баёнияе шумори кушташудагон дар ин русторо беш аз 220 нафар эълом кард.
Ба гузориши шабакаи телевизионии «Ал-ҷазира», ин иттиҳодия нерӯҳои режими Башор Асадро дар куштори ин афрод гунаҳкор медонад.