Додситонии Тбилисӣ эътилофи мухолифинро ба талоши харидории райъи мардум дар интихоботи соли 2013 муттаҳам кард
Мақомоти Гурҷистон ҳазорҳо антенаи моҳвораиро, ки шабакаи телевизионии ҳаводори мухолифин, "Maestro-TV" мехост бо нархи арзон ба мардум бидиҳад, мусодира карданд. Додситонии Тбилиси гуфтааст, ки мусодираи моҳвораҳо бахши пажуҳиши тарҳи эътилофи оппозициюнии "Орзуи Гурҷистон", раҳбараш Бидзина Иванишвили аст, ки эҳтимолан дар пайи харидории райъи овоздиҳандаҳо мегардад. Гуфта мешавад, ки антенаҳои моҳвораиро аз хориҷ ба кишвар ворид кардаанд.
Моҳи Июн Бидзина Иванишвили бо иттиҳоми поймол кардани қонуни интихобот ҷарима шуда буд. Додгоҳи Тбилисӣ гуфтааст, Иванишвили, ки барномаи ширкат дар интихоботи соли 2013-ро дорад, бо тақсими моҳвораҳои арзон мехоҳад тарафдори бештар пайдо кунад.
Ин моҳвораҳо бештар ба бошандагони манотиқи дуртар аз Тбилисӣ заруранд, ки битавонанд ба шабакаи Иванишвили - TV-9 ва шабакаҳои дигари мухолифин дастрасӣ пайдо кунанд.
Муассиси шабакаи "Maestro-TV Мамука Глонти даъвои додситониро "пуч" хонд ва гуфт, ки ин иттиҳомро ба чолиш хоҳад кашид. Ӯ рӯзи чаҳоршанбе ба радиои Озодӣ гуфт, аз он нигарон аст, ки мақомот ба ӯ ҷаримаи бузург бор кунанд ва ӯ аз ӯҳдаи пардохти он набарояд.
Рӯзи панҷшанбе ду гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тбилисӣ, аз додгоҳ ва додситонии шаҳр даъват карданд, ки дар робита ба қазия далели қобили эътимодро нашр ва мусодираи моҳвораҳоро тавҷеҳ кунад.
"Transparency International-Georgia" ва Созмони ҳуқуқшиносони ҷавон дар як изҳороти муштарак гуфтанд, ки ҷилавгирии мардум аз дастрасӣ ба моҳвораҳо метавонад ҳамчун "иқдоми маҳдуд кардани дастрасии шаҳрвандон ба матбуот қазоват шавад." Ин ду гурӯҳ гуфтаанд, ки ҳар як амалкарди зиди матбуот бояд мутаносиб ва ба андозаи кофӣ шаффоф бошад.