Сӯҳбати хабарнигори "Озодӣ" бо Наҷотхон Исомиддинова, раҳбари муассисаи нақлиётии «Наҷот».
Сӯҳбати мо бо хонум Наҷотхон Исомиддинова дар студияи душанбегии Радиои Озодӣ доир шуд ва нахуст аз ӯ пурсидем, ки чӣ ӯро водор ба соҳибкорӣ кард?
Наҷотхон Исомиддинова: Вақте, ки соли 2002 бо сафари хидматӣ дар Маскав будам ва дар он ҷо дидам, ки чӣ гуна мардони тоҷик дар зимистони хунук бо либоси тунук ба корҳои паст машғул буданд. Яъне онҳо аробакашӣ, рӯбандагӣ ва боркашонӣ мекарданд. Барои ман дидани чунин манзара хеле дардовар буд ва ман то дер боз ба худ омадан наметавонистам. Пас аз андешаҳои зиёд ба хулосае омадам, ки аз сиёсат даст мекашам ва рӯ ба соҳибкорӣ меорам. Ақаллан чаҳор мардро дар ватан соҳиби кор кунам, ин муваффақияти ман аст. Чун бо тақозои корӣ зиёд ба шаҳри Хуҷанд мерафтам, хидматрасонии мусофирон ба ман мақбул набуд. Ман қарор додам, дар ҳамин соҳа коргоҳи хурдакаке таъсис бидиҳам ва чанд мардро соҳиби кор намоям. Ҳатто маро ба ҳукумат низ барои кор даъват карданд, вале ман ба хотири беҳбуд бахшидани зиндагии оилаҳое, ки мардонаш солҳо дар муҳоҷират аст, ҳама пешниҳодҳоро рад кардам. Бояд бигӯям, ки дар соҳаи нақлиёт рақобати хеле сангинро аз сар гузарондам. Аммо бузургон мегӯянд, «Ростӣ муҷиби ризои Худост, кас надидам, ки гум шуд дар роҳи рост.» Ман дар аввал ҳамагӣ 5 коргари инженер-техникӣ ва 12 ронанда доштам. Имрӯз шумораи ронандаҳоям ба 154 ва теъдоди кормандони инженер -техникӣ б 13 нафар расидааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки барои роҳандозии муассиса ман 8 моҳ даводав кардам, вале ба ман кор надоданд. Ҳама дарҳо ба рӯям баста буданд. Ва танҳо баъд аз супориши Вазорати маориф, Кумитаи зидиинҳисорӣ ва ҳимояи соҳибкорон, дарҳо ба рӯям боз шуданд.
Радиои Озодӣ: Чаро занро ҳамчун соҳибкори ин соҳа қабул надоштанд, мушкил дар чӣ буд?
Наҷотхон Исомиддинова: Он мардҳое, ки рақибони ман буданд, гуфтанд, ки ту занӣ ва беҳтар аст, ки ба тарбияи фарзандон машғул бошӣ. Соҳаи нақлиёт ба мард воҷиб аст. Ин ҳарфҳо алами маро овард. Ман гуфтам, ки дар кишварҳои исломӣ занҳо аллакай ба фалак парвоз доранд ва чӣ мушкилӣ дорад агар мо дар нақлиёти рӯи заминӣ кор кунем?
Радиои Озодӣ: Буданд лаҳзаҳое, ки ноумед мешудед?
Наҷотхон Исомиддинова: Бале. Мегуфтам, ки дигар кор намекунам, бас аст. Шояд дар Тоҷикистон зан намесабзад. Аммо медонед, ҳамин сарсониҳо буд, ки ман бо одамони зиёди бузург шиносӣ пайдо кардам. Бо намояндагони сафоратҳо ва ҳатто бо худи сафирони кишварҳои мухталиф, мустақар дар Душанбе вохӯрӣ доштам. Ман мехостам, ки мардони соҳибмансаби мо монанди ин сафирон бошанд. Ин қадар онҳо хоксору ҳалиманд, гӯш кардан метавонанд. Аммо аксарияти соҳибмансабони мо маҳорати гӯшкуниро надоранд ва ҳатто аз дар меронанд. Лекин гӯш кардан ҳам як санъати бузург аст. Имтиҳони Худовандро ҳам ҳафт сол мегуфтанд. Вале ҳафт соле, ки аз сари ман гузашт, Худо накунад, ба сари зани миллати тоҷик ояд. Дар ин муддат бемории микроинсултро аз сар гузаронидам, бемории қалбам хурӯҷ кард ва ман ҳамеша бо худ доруву дармон мегирам. Вале шукр мегӯям, ки бо ҳамаи ин гузаштаҳо, 167 нафар мардро ба кор таъмин кардам.
Радиои Озодӣ: Шумо дар як сӯҳбат бо мо гуфтед, ки барои кушодани ин кори худ охирин ҷавоҳироти худ ва мошинҳои шавҳаратонро ҳам фурӯхтед.
Наҷотхон Исомиддинова: Соҳибкор дар оғоз бохт мекунад ва пасон бурд. Воқеан ҳам ҳамаи дороиҳоямро, ки аз волидайнам ба ман мерос монд ва ҳамчунин шавҳару фарзандонам ҳадя карда буданд, фурӯхтам. Мошинҳои шавҳарамро фурӯхтам. Чун омаду рафти ман ба Душанбе хеле зиёд шуд, ба хотири он, ки садои ман дар шаҳру вилояти худам шунида нашуд ва талошҳоям бенатиҷа буд. Бинобар ин ман ба пойтахт меомадам ва маблағи зиёд ҳам сарф мешуд. Ба ростӣ муддате шуд, ки дар бисотамон чизе намонд. Вале шукри Худо, ки шавҳарам бо ман муросо карданд. Чун ман дигар роҳи бозгашт надоштам ва аз пасам на як ва ё даҳ нафар, балки 50 ва 60 марде, меистод, ки ниёз ба кор дошт. Аз сӯи дигар деҳаҳое буд, ки мусофирон то 2 ва ё 3 километр пиёд мегаштанд. Азоби мусофиронро дарк мекардам. Дигар дар назар на дороӣ намуд ва моликияти шавҳарам. Шукри Худо бе тилло ҳам мешиносанд. Як оиларо тинҷу ором кардан ва ё дуои падару модари онҳоро гирифтан, бароям беҳтарин шараф аст.
Радиои Озодӣ: Шеваи кори шумо чӣ гуна аст?
Наҷотхон Исомиддинова: Беҳтарин одоби роҳбарӣ, ин сухани хуб аст. Ва ҳатто дар ин маврид ҳадиси Пайғамбар низ вуҷуд дорад, ки мефармояд, «ба зердастонатон зулм накунед.» Кори мо бо ронандагон тариқи шартнома сурат мегирад ва шартҳое дорад, ки танзимро тақозо мекунад.
Радиои Озодӣ: Аммо ба ҳар сурат бе сахтгирӣ ҳам намешавад.
Наҷотхон Исомиддинова: Ронандае, ки як бор ба иштибоҳ роҳ дод, аввал бо роҳбар, яъне бо ман ҳамсӯҳбат мешавад. Ва ман аз ӯ забонхат мегирам, ки дигар ба ин хатогӣ роҳ намедиҳад. Дар ҳолати такрор шудан ба иттифоқи касабаи муассиса ҳавола мекунам. Вале агар боз ҳам ислоҳ нашуд, дар маҷлиси умумии шӯро фаъолияти минбаъдаи ӯро дар муассиса матраҳ мекунем.
Радиои Озодӣ: Аз рӯи кадом меъёр шумо ронанда интихоб мекунед?
Наҷотхон Исомиддинова: Талаботи асосӣ доштани таҷрибаи ронандагӣ ва соҳиби нақлиёти нав будан. Фикр мекунам ҳамин талабот буд, ки дар панҷ соли ахир ман ду тендер ғалаба кардам. Шояд андак майдакору майдагап бошам, ки даp ҷиҳати ҳуҷҷатгузорӣ, нақлиётдорӣ ва тартибу интизоми ронандагон дар назди вазорат чун беҳтарин муассисаи нақлиётӣ эълон шудам.
Радиои Озодӣ: Умуман ҳамин фаъолияти шумо ба зиндагии оилавиятон ягон таъсир расондааст? Чун медонем, шавҳаратон вазифаи муовинии шуморо иҷро мекунад ва оё ин ҳолат равобити заношӯиро дар оила сарчаппа намекунад?
Наҷотхон Исомиддинова: Вақте, ки ман мехостам ин муассисаро таъсис бидиҳам, шавҳарам шаддидан зид буд. Гуфтанд, аз барф гурехта зери борон мемонӣ, яъне дар ҳоле, ки аз сиёсат гурехтӣ, соҳибкорӣ бадтар аз он аст. Он кас мард, ки ҳастанд, ҷомеаро хуб медонанд. Аммо ман хислати якравӣ дорам ва ба ҳадафам истодагарӣ кардам. Ва чун ману шавҳарам ҳарду маълумотдорем, он кас бо ман муросо карданд. Вале ба ҳар сурат ин ҳолат таъсир мерасонад. Ман дар коргоҳ нисбати ронандагоне, ки гуноҳ мекунанд, андак раҳмдилтарам. Ман намехоҳам, ки ронандае, ки ба хатогӣ роҳ додаст, якбора аз кор берун кунам. Ман мехоҳам аввал ӯро тарбият намоям. Бо шавҳарам бештар оиди ҳамин масъала баҳсамон зиёд мешавад. Шавҳарам мегӯянд, ба мо тоҷикон камтар сахтгирӣ лозим аст. Шумо бошад ронандаҳоятонро эҳтиёт мекунед, кор ин хел намешавад. Камтар сахтгир будан лозим. Аммо дар оила шавҳарам хӯҷаин аст. Албатта дар ҳама ҳолат мард мард аст ва мо занон ҳамеша ба дастгирии мардон ниёз дорем. Ростӣ гап, он маслиҳатҳое, ки бо шавҳарам мекунам, ягон бор хато накардаам.
Радиои Озодӣ: Оё аз нигоҳи шумо меарзад як зан умр, саломатӣ ва хушиҳои зиндагиро фидоӣ ҳамин машғулияте кунад, ки шумо доред?
Наҷотхон Исомиддинова: Худованд инсонро ба ин дунё ҳамчун созанда овард. Агар кори соҳибкорӣ ҳам набошад, роҳи зиндагӣ вазнин аст. Хӯрдану пӯшидан даркор, фарзандонро ба воя расондан лозим. Ин ҳама бе ранҷ ба даст намеояд. Агарчӣ 20 соли умрам дар мубориза гузашт ва ман ин қадар талош кардам, ин арзиш дорад. Азоб кашидам, шояд нисфи умрамро барбод додам. Як байти аҷоибе ҳаст « Қорун агар мурд агарчанде ки чил хона ганҷ дошт, Анӯшервон намурд, зеро аз худ номи некӯ гузошт.» Ҳарчанд умри ман бо ин талошҳо рафт, ман мегӯям дарозумртарам.