Комиссари ҳуқуқи башари СММ аз Бишкек зиёрат кард

Навӣ Пилай

Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ Навӣ Пилай мегӯяд, яке аз мушкилиҳои асосии Қирғизистон фасод аст. Рӯзи сешанбе дар Бишкек хонум Пилай гуфт, мақомот ӯҳдадоранд, ки афроди муттаҳам бо бадрафторӣ, ба хусус мансабдорони муттаҳам бо бадрафториро, ба ҷавобгарӣ кашанд. Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ меафзояд, ки дар Қирғизистон табъизи қавмӣ, динӣ ва гендерӣ ҳамчунон мушкили бузург боқӣ мемонад. Ӯ хотирнишон кард, ки дар Ӯш 50 дар сади аҳолиро узбакҳо ташкил медиҳанд, вале дар ин шаҳр ягон додраси додгоҳ узбак набудааст. Пилай ишора кард, ки дар нооромиҳои моҳи июни соли 2010-ум 75 дар сади қурбониҳо намояндагони қавми узбак буданд ва ҳамин гуна 75 сади афроди боздошуда дар пайи ин хушунатҳо узбакҳо ҳастанд.