Иттиҳодияи Аврупо барои пуштибонӣ аз «Равзанаи ягона» дар Тоҷикистон як миллиону 200 ҳазор евро ихтисос дод.
Ҳадаф аз тақдими ин маблағ, фароҳам овардани шароити беҳтар барои расмиёти воридоту содирот ва транзит дар Тоҷикистон мебошад.
Ба ин муносибат рӯзи сешанбеи 10-уми июл дар дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе, миёни Корхонаи воҳиди давлатии «Равзанаи ягона» ва Иттиҳодияи Аврупо як қарордод ба имзо расид. Пас аз он ширкати INTRASOFT International S.A ҳамчун иҷрокунандаи тарҳи мазкур бо Иттиҳодияи Аврупо қарордод ба имзо расониданд.
Эдуард Ауер, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ таъкид кард, ки ҳадафи аслии ин кӯмак шакл додани фаъолияти ҷиддии маркази «Равзанаи ягона», ки дар назди Хадамоти гумруки ин кишвар амал мекунад, мебошад. Ҳададфи дигари он, содда кардани тартиби санадгузориҳо ба хотири содироту воридот ва транзит дар ин марказ аст.
Ба эътиқоди сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон, фаъол шудани Маркази «Равзанаи ягона» ба пешрафти иқтисодиёт дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард ва роҳро барои ҳарчӣ зудтар шомил шудани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ҳамвор хоҳад намуд.
Маркази «Равзанаи ягона» чаҳор сол қабл дар назди Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъсис дода шудааст. “Равзанаи ягона” барои сабти номи ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродист, ки 4 сол ба ин сӯ амал мекунад ва бахши аъзами қоғазбозии марбут ба кушоиши тиҷорат ё корхонаи ҷадидро зери як бом мунсаҷим кард.