Боздошти соҳибкори эронӣ. Барои фасод ё ҳақталабӣ?

Фаридуни Тура, соҳибкори эронӣ зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. Акс аз бойгонӣ.

Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон як соҳибкори эрониро боздошт кардааст.
Фаридуни Тура, раиси ширкати «Роҳи корвон», ба қавли вакили дифоаш, пас аз он боздошт шудааст, ки нахостааст бо тафтишот ҳамкорӣ кунад. Ба қавли ин манбаъ, раиси ширкати «Роҳи корвон», ки аз соли 2003 ба ин сӯ дар Тоҷикистон расман сабти ном шудааст, бо ҷурми изофанависӣ ва сирқати пул муттаҳам дониста мешавад.

Ширкати «Роҳи корвон» дар тендери байналмилалӣ, ки аз сӯи Бонки Исломии Рушд эълон шуда буд, барои сохтмони 8 нерӯгоҳи кӯчаки обӣ дар Тоҷикистон баранда шуд. Яке аз ин тарҳҳо, нерӯгоҳи якмегаватӣ дар рӯдхонаи «Санги Кар»-и ноҳияи Рашт ва дигаре дар минтақаи Роғун буд.

Қаблан дар сӯҳбат бо "Озодӣ" Фаридуни Тура гуфта буд, ки барномаи сохтмони ин нерӯгоҳ, ки тавассути пажӯҳишгоҳи «Гидроэнергопроект» ба тендер пешниҳод шудааст, камбудиҳо дошт ва ба маблағи тахсисшуда ва ҳаҷми кор мувофиқат намекунад.

Маркази лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ қарордоди тендериро бидуни муроҷиат ба додгоҳ лағв кард ва сохтмони ин нерӯгоҳро ба ширкати дигар вогузошт. Аммо ин ширкати тозатаъсис бидуни ҳалномаи додгоҳ, молу амволи ширкати «Роҳи корвон»-ро бо акти раиси ҷамоати Навободи ноҳияи Рашт мусодира кард.

Фаридуни Тура мегӯяд, баръакс ба хотири фош нашудани асли масъала ва навҳаҳои аз дасти ӯ кашида гирифтани тарҳҳо ӯро ба изофанависии маблағҳо ва азхудкардани пули тарҳҳо айбор мекунанд.

Моҳи феврали соли равон Оҷонсии мубориза бо фасод бо пешниҳоди Додситонии кулл алайҳи ӯ парванда боз кард.

Ба қавли вакили дифоъи раиси ширкати «Роҳи корвон», ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи Оҷонсии мубориза бо фасод нигоҳ дошта мешавад.