Кофӣ Анон, фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз дар шаҳри Димишқ бо Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дидору гуфтӯгу хоҳад кард. Дар ин мулоқот барномаи сулҳи Анан барои хотима додан ба хунрезиҳои 16 моҳа дар Сурия баррасӣ хоҳад шуд, ки худи ӯ рӯзе пеш эътироф кард, ин барнома натиҷа надодааст. Башшор Асад ба як телевизиони Олмон гуфтааст, кӯмаки Амрико ба “террористҳо” дар Сурия монеъи иҷрои ин барномаи сулҳ шудааст. Рӯзи якшанбе ҳамчунин Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, ҳушдор дод, ки фурсат барои наҷоти Сурия аз як “ҳамлаи фалокатбори” шӯришиён ба поён мерасад. Ба гуфтаи фаъолони мухолифини давлат дар Сурия аз замони шурӯъи қиёмҳои мардумӣ дар моҳи марти соли гузашта то кунун, 14 ҳазор нафар кушта шудаанд.