Дар сурати аз кӯмаки кофӣ бархӯрдор нашудани Афғонистон, ба дастовардҳои солҳои ахири кишвар хатари нобудӣ таҳдид мекунад.
Бан Кӣ Мун, дабири Кулли СММ дар конфронси кишварҳои сармоягузори Афғонистон дар Токио зимни баёни ин матлаб изҳор намуд, ки “мо шоҳиди лаҳзаи сарнавиштсоз дар таърихи Афғонистонем. Кишвар бо такя ба кӯмакҳо, сохторҳои давлатӣ бунёд мекунад, ки таҳкурсии муносибатҳои мӯътадили Афғонистони соҳибистиқлолу мардумаш бо ҳампаймонҳои байнулмилалӣ хоҳанд шуд”.
Дар нишасти Токио ҳайатҳои тақрибан 70 кишвари сармоягузор ваъда доданд, ки барои рушди Афғонистон то соли 2015 ҳудуди 16 миллиард долларро дар ихтиёри Кобул мегузоранд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки ироаи ин кӯмак ба Афғонистон то соли 2017 дар сатҳи даҳсолаи гузашта идома хоҳад кард.
Мақомоти Афғонистон аз он нигарон буданд, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дар соли 2014, сатҳи кӯмакҳои байнулмилалӣ ба кишвар коҳиш меёбад. Амин Фотимӣ, сафири Афғонистон дар Ҷопон, қабл аз шурӯи нишаст ба Радиои Афғонистон Озод гуфт, “интизороти мо ин аст, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар ин конфронс иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар давраи гузариши 18 моҳа ва ҳамчунин тӯли даҳ соли дигаргуниҳоро таъйид хоҳад кард”.
Дар ҳамин ҳол кишварҳои сармоягузор интизор доранд, ки ҳукумати Кобул маблағи дар ихтиёраш гузоштаро ҳадафмандона истифода мекунад ва он дубора кисаи мансабдоронро пур нахоҳад кард. Ҳомид Карзай дар суханронии худ ваъда дод, ки мубориза бо фасод яке аз авлавиятҳои ҳукумати ӯ боқӣ хоҳад монд.
Ӯ хитоб ба аҳли нишаст гуфт, “ Иқрор мекунам, ки комёб шудани паймони мову шумо бо тавони посух додан ба амалҳоямон робитаи мустақим дорад. Зарур аст, ки маблағи аз сӯи андозсупорандаҳои кишварҳои шумо бо машаққат бадаст омада, босамар ва шаффоф истифода шаванд”.
Шурӯъ аз соли 2002 Афғонистон тақрибан 60 миллиард доллар кӯмак дарёфт кардааст ва аммо фасод дар кишвар дар сатҳи баланд боқӣ мемонад. Созмони Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал соли гузашта Афғонистонро дар хатти дувуми фасодзадатарин кишварҳои олам ҷой дода буд.
Як рӯз қабл аз нишасти Токио, Вашинтон расман эълом дошт, ки Афғонистон понздаҳумин кишвари ҳампаймони хориҷ аз НАТО-и Амрико шуд. Дар ин бора Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, дар Кобул, дар нишасти хабарии муштарак бо сарвари Афғонистон Ҳомид Карзай хабар дод ва афзуд:
“Мо аз талошҳои Афғонистон барои роҳандозии ислоҳоти калидии иқтисодӣ, рафъи фасод, таҳкими волоияти қонун ва афзоиши сармоягузории хориҷӣ бохабарем. Ман мехоҳам пуштибонӣ аз раисиҷумҳур Карзай дар татбиқи ин дигаргуниҳои барои фардои Афғонистон муҳимро иброз дорам. Ҷаноби президент, мо ҳамеша аз талошҳои шумо ҷонибдорӣ хоҳем кард”.
Аз ин пеш ба феҳристи муттаҳидони берун аз НАТО-и Амрико 14 кишвар, аз ҷумла, Австралия, Исроил, Миср, Ҷопон ва Покистон шомил буданд. Бори ахир соли 2004 ИМА расман Покистонро ҳампаймони худ эълон карда буд.
Гуфта мешавад, ки ин мақом ба Вашингтон имкон медиҳад то ҳамкории низомиро бо ин кишвар бо тарзи соддатари назорати содироти силоҳу муҳимоти низомӣ ба роҳ монад.
Мақоми ҳампаймонии Афғонистон як бахши созиш дар бораи ҳамкориҳои стратегӣ миёни ИМА ва Афғонистон аст, ки ибтидои моҳи май зери он раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва ҳамтои афғонаш Ҳомид Карзай имзо гузоштанд.