Муноқиша миёни ду гурӯҳи ноболиғон дар шаҳри Душанбе, мунҷар ба марги як нафар гардид.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, шоми 6-уми июли соли равон миёни ду гурӯҳ наврасону ноболиғон муноқиша сар зад, ки бар асари он як нафар ба ҳалокат расид.
Дар тафсили ин хабар торнамои расмии вазорати умури дохилии Тоҷикистон менависад, ки Хушнуди Бобозода, соли таваллудаш 1997, сокини маҳалаи Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо аҳли оила ва бародаронаш барои истироҳат ва сайру гашт ба боғи «Пойтахт» омада буд, қурбонии ин муноқиша гардид.
Ҳангоми сайругашт дар боғи мазкур, ноболиғ Сиёвуши Нурмаҳмад ба назди ӯ омада, харидорӣ намудани бозичаҳои барқии дурахшонро пешниҳод менамояд, вале аз рад намудани ӯ ба ғазаб омада, бо гурӯҳи рафиқонаш ба ӯ дарафтода сахт маҷрӯҳ мекунанд. Зарбаҳои ногаҳонӣ ӯро аз пой меафканад ва бар асари ҷароҳати гирифтааш ҳангоми ба беморхона овардан, дар роҳ ба ҳалокат мерасад.
Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар робита ба ин қазияи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ноболиғон Сиёвуши Нурмаҳмад соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Бинокорон, хонандаи синфи 8 мактаби миёнаи №27, Раҷабалӣ Олимов, соли таваллудаш 1995 истиқоматкунандаи кӯчаи Биниҳисораки шаҳри Душанбе, Исфандиёр Худойдодов соли таваллудаш 1993, сокини кӯчаи Биниҳисораки шаҳри Душанбе, Меъроҷиддин Олимов , соли таваллудаш 1997 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Биниҳисоракро дастгир намудаанд.
Ин манбаъ меафзояд, гумонабари асосӣ Фахриддин Сафаров, мулаққаб бо «Фаха» низ, ки аз ҷои ҳодиса фирор намуда барои шинохта нашудан мӯи сари худро тарошида ва дар хонаи яке аз наздиконаш пинҳон шуда буд, аз ҷониби кормандони пулис боздошт шудааст.
НИГАРОНӢ АЗ АФЗОИШИ ҶИНОЯТКОРӢ МИЁНИ ҶАВОНОН
Мақомоти тоҷик аз афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон нигарон ҳастанд. Ба ин манзур дар авоили моҳи майи соли ҷорӣ бо ибтикори вазорати корҳои дохилӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва кор бо занони Тоҷикистон дар бинои Донишгоҳи миллӣ бо ҷавонон мулоқот баргузор шуд.
Ба таври бесобиқа боло рафтани сатҳи ҷинояткории наврасону ҷавонон ва дар ҷиноятҳои вазнин, аз қабили расонидани зарари сахти ҷисмонӣ, таҷовуз ба номус, роҳзаниву ғоратгарӣ даст доштани онҳо зарурати ин гуфтугӯро ба миён овардааст.
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар ин нишаст гуфта буд, танҳо дар чанд моҳи соли ҷорӣ аз сӯи ҷавонон беш аз 1 ҳазору 200 ҷиноят содир шудааст, ки аз ин ҳисоб 12 ҳодисаашро куштор ташкил медиҳад. Ба гуфтаи вазир, афзоиши ҷиноят тавассути насли наврас ва ҷавонони донишҷӯ мояи нигаронии амиқи мақомоти Тоҷикистон шудааст. Зеро ба таъкиди вай, танҳо аз оғози сол то имрӯз 230 нафар аз ҷавонон пушти панҷара рафтаанд ва 6 нафари онҳо донишҷӯ буданд.
Қочоқи маводи мухаддир ва нашъамандӣ, афзоиши гирифторони вируси ВИЧ-СПИД, танфурӯшӣ ва ҳатто истифодаи маводи синтетикии нашъаовар дар марказҳои дилхушӣ тавассути ҷавонон низ аз нигарониҳоест, ки дар ин мулоқот таъкид шуданд.