Номаҳои беҷавоби пайвандони афроди маъруфи зиндонӣ

Муроҷиати наздикони афроди дар гузашта бориз дар сиёсатҳои Тоҷикистон ва ё бозмондагони зиндонии онҳо ба мақомоти кишвар, чандин сол ба ин сӯ аз саҳифаҳои матбуот канда намешавад.
Гулҷаҳон Сафарова, духтари Сангак Сафаров, собиқ фармондеҳи Фронти халқӣ ҳоло бори дигар ба раисҷумҳури Тоҷикистон нома навиштааст. Вай теъдоди муроҷиатҳои оилааш ба мақомоти гуногуни кишварро беш аз 100 маротиба арзёбӣ кард. Аммо он чӣ ӯро дар шигифтзадагӣ қарор додааст, ин аст, ки тайи чор соли ахир ҳеҷ як аз мақомот ба муроҷиатҳои онҳо посухи қотеъ намегӯяд:

«Ба сомонаи раисҷумҳур ҳам навиштем. Ба ҷои кораш ҳам мактуб бурдем. Аммо аз он ҷо ҷавоб мегирем, ки мактуби мо ба додситонӣ ё додгоҳ барои баррасӣ фиристода шудааст. Ҳеҷ яке ҷавоби аниқу дақиқ намедиҳад. Баъзеҳо мегӯянд, ки худи ҷаноби раисҷумҳур аз ин гапҳо хабар надорад. Ман ҳайрон мешавам, ки ин қадар шахсан ба ӯ ва дигар мақомот муроҷиат кардем, наход хабар наёбад?»

Муроҷиати оилаи Сафаровҳо ба ҳабси абадии Нурмуҳаммад Сафаров, писари Сангак Сафаров рабт мегирад, ки июли соли 2008 бо гурӯҳи Сӯҳроб Лангариев зимни як амалиёти вижаи нерӯҳои амниятӣ боздошт ва расо пас аз як сол шаш нафар ҳукми абад гирифтанд. Гулҷаҳон мегӯяд, бадоҳатан пас аз боздошти бародараш онҳо ба ин бовар, ки Нурмуҳаммад гуноҳе надорад, барои халосии ӯ дари тамоми мақомотро заданд, аммо натиҷае ҳосил нашудааст.

Наздикон ҳамчунин барои фармондеҳони собиқ Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев аз солҳои 2003 - 2004 миёни мақомоти зидахл давутоз мекунанд, то бедолатии ҳукми додгоҳҳоро фаҳмонанд ва ё аз ҳисоби хизматҳояшон дар таҳкими ҳукумати имрӯз ва сулҳу субот дар Тоҷикистон барои онҳо имтиёз ва сабукӣ гиранд. Аз ҷумла наздикони Ёқуб Салимов, ки то анҷоми ҳукмаш чор соли дигар мондааст, аз соли 2005 ба ин сӯ танҳо як талаб доранд, ки ӯ аз боздоштгоҳ ба зиндон интиқол дода шавад.

Ойиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев, ки ҳукми абад гирифтааст, мегӯяд, нисбати бародараш ҳукми беадолатона содир шудааст. Вай афзуд, ӯ дар ин маврид ба мақомот муроҷиат кардааст, аммо беш аз ӯ худи бародараш аз зиндон ба мақомоти гуногун мактубҳои тӯлонӣ навиштааст:

«Ба Маҷлиси намояндагон навишт, ба Додситонии кул, ба Додгоҳи олӣ ва Додгоҳи конститутсионӣ навишт. Ҷое намонд, ки нанавишта бошад. Аммо мегӯяд, ҷавобҳояшон маро қонеъ намекунанд».

Ғаффор Мирзоев ба хотири он, ки аз мақомоти масъул посухи асоснок гирад, соли гузашта ҳатто гуруснанишинӣ эълон кард, аммо бидуни натиҷа.
Баҳси истирдод ва боздошти ғайриқонунии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳам то ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ расида, бо вуҷуди кӯшишҳои пайвандон ба ҷое нарасидааст. Аммо чаро мақомот наметавонанд ба наздикони маҳкумшудагон посухи қатъӣ диҳанд, то онҳо дигарбора пушти мактубу муроҷиатҳо нашаванд?

Як масъули ҳукуматӣ, ки нахост номаш зикр шавад, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ҷурми ҳамаи онҳо собит шуда, ҳукмҳое, ки бароварда шудаанд, хуб асоснок шудаанд, аммо иддае сирри давлатӣ ҳастанд. Вай афзуд, пайвандон аз ин меандешанд, ки онҳо дар гузашта ба ҳукумат хизмат карда буданд, аммо инро нодида мегиранд, ки онҳоро барои эҷоди хатарҳои оянда ба давлатдорӣ маҳкум кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Бузугмеҳр Ёров, ки дар парвандаи Ғаффор Мирзоев вакили дифоъ буд, мегӯяд, иттиҳомот алайҳи афроди саршинос ҳамагӣ тахайюлӣ буданд:
«Сабаби ба мактубҳо посухи қатъӣ надоданашон танҳо як аст: мақомоти додгоҳӣ хуб медонанд, ки ҳукмҳои додаашон ғайриқонунӣ ва беасосанд. Инҳо ҳукмҳое ҳастанд, ки дар асоси дархосту фармоиш дода шудаанд. Дар онҳо далели қатъии бегуноҳиашон вуҷуд надорад. Додгоҳҳо асосе надоранд, ки ваҷҳҳои онҳоро рад кунанд».

Ба қавли коршиносон, нигарониҳои ҳукумат аз фармондеҳони собиқ ва ҳам пайвандони зиндонии онҳо аз ин аст, ки нуфузашон дар ҷомиа барои ҳукумат дардисарҳои навро эҷод мекунад. Ҳамсӯҳбати мо аз ҳукумат мегӯяд, то ин ки фармондеҳон ва пайвандони онҳо ба ҳабс гирифта шаванд, таҳти назорати мақомоти амниятӣ буданд ва аз онҳо ташаббусҳое сар мезад, ки ба амнияти кишвар таҳдид мекард, аз ин хотир, зарур шумориданд «ҷинро дар кӯза нигаҳ доранд». Аммо ҳамсӯҳбати мо ба ин суол, ки чаро ба онҳо барои ҷурмҳои оддӣ маҳз ҳукмҳои абад ё то 30 сол дода шудааст, посух надод.