Шумораи қурбониёни обхезӣ ба 87 нафар расид

Теъдоди қурбониёни обхезӣ дар минтақаи Краснодари Русия ба 87 нафар расид. Ба иттилои раёсати минтақаии вазорати умури дохилии Русия, бештари қурбониён – сокинони шаҳри Кримск буданд. Дар Геленҷик ва Новороссийск ҳам бар асари офати табиӣ чанд нафар ҷон бохтанд.

Обхезӣ ба тақрибан 13 ҳазор манзили зист осеб расондааст. Роҳҳо хароб ва робитаи телефонӣ маҳдуд шудааст.

Рӯзи шанбе дар Геленҷик ва Новороссийск режими вазъи фавқулодда ҷорӣ карда шуд. Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ба минтақаи офати табиӣ наҷотбахшонро фиристод ва эълом дошт, ки дар сурати зарурат кӯдаконро аз удругоҳҳои тобистонаи Кубан ба мавзеъҳои амнтар интиқол хоҳад дод. Дар рафъи паёмадҳои офати табиӣ низомиён ширкат доранд.