Дар Тайланд, хонаводае, ки якбора соҳиби шаш фарзанд шуд, ба тифлони навзод номи мошинҳои дӯстдоштаашонро гузошт.
Ҳаминтавр ба кӯдакон номи Форчун (Тoёта Форчуне), Ауди, Порше, Мини, Волксваген ва Фиат гузошта шуд.
Ин тифлакон дар натиҷаи бордоршавии сунъи ба дунё омадаанд. Модари шашгоникҳо Дуангчанок Вангвиттҳаясакун баъд аз чанд соли бефарзандӣ якбора соҳиби як хона кӯдак шуд.
Дар таърихи муоссири Тайланд таваллуди се духтару се писар аз як модар ва дар як вақт ҳодисаи нодир аст. Ҳамчунин интихоби номҳои тамғаҳои мошин барои кӯдакон.
Дар Тоҷикистон низ номҳои ғайримаъмулӣ кам нестанд. Аммо то ҳол касе ба фарзанди худ номи мошинро надодааст. Номҳои ғайри маъмул дар деҳоти кишвар ба вижа дар вилояти Бадахшон ба назар мерасад. Бо он ки гузоштани номи меваҳо аз қабили себ, зардолу, олу, анор, ангур, аз сабзаҷот бошад карам, аз ашёҳои рӯзгор, ороишот - сурма, усма, атр ва рӯзҳои ҳафта ҳанӯз аз замони Шӯравӣ маъмул буд, аммо ҳоло низ ин исмҳо ғайриоддӣ садо медиҳанд.
Баъд аз оғози сохтмони неругоҳи «Роғун» ва маъракаи фурӯши саҳмияҳои он, волидайне писари худро Роғуншоҳ ва духтарашонро Саҳмия номиданд. Хамчунин дар даҳсолаи ахир баъзе волидон фарзандони худро бо исми каҳрамонҳои сериалҳои хориҷӣ номгузорӣ кардаанд.
Сайфулло Қурбонов корманди шӯъбаи сабти ҳолати асноди шаҳрвандии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, гуфт ки зимни номгузорӣ волидони ҷавон ё ба телесериалҳои маъруф такя мекунанд ё ба номҳои мазҳабӣ:
«Як ҳодисаи барои мо аҷиб аст. Як ҷавон ҳоло даъво дорад, ки номашро Максим гузорем. Номи худаш ба назарам Мақсад аст. Вале ӯ чандест,ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад ва мехоҳад номаш куллан русӣ бошад. Аммо аз баски Максим ба меъёрҳои забони тоҷикӣ ҷавобгӯ нест ва ҳеҷ маъниеро рӯшан намекунад, мо ба он розӣ нашудем. Вақте ки «достони ҳазрати Юсуф» маъруф шуд, кӯдакони зиёд Юсуф ё Зулайхо ном гирифтанд. Муҳаммад, Довуд, Бибиосия, Бибиоиша, Фотима, Заҳро, Умар хулоса номҳои мазҳабӣ зиёд гузошта мешаванд. Аммо чанд соли пеш волидон дар интихоби номи ҷигарбандони хеш, ба «Шоҳнома» такя менамуданд, ҳоло хеле кам».
Дар Тоҷикистон одате ҳаст, ки номи фарзанди аввал ва дуюми навхонадоронро бобову бибии падарӣ ва модарӣ бо навбат интихоб мекунанд. Дар бисёр маврид ҷавонон хоставу нахоста ин тасмими бузургони оиларо қабул мекунанд, зеро маъмулан ҳаққи инкор кардани қарори сарварони хонадонро надоранд.