Қонуни баҳсбарангези Русия зинаи аввалро гузашт

Вакилони порлумони Русия дар қироати аввал тарҳи қонунеро тасвиб карданд, ки дар он созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки аз хориҷа сармоягузорӣ мешаванд, “маъмури хориҷӣ“ номида шудаанд. Ба тарафдории ин тарҳи пешниҳодии вакилони ҳизби ҳокими Русияи Воҳид, 323 нафар раъй додаанд. Чаҳор нафар раъйи мухолиф додаанд. Бар асоси тарҳ он созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки аз хориҷа сармоягузорӣ мешаванд ва ба сиёсат сару кор мегиранд, бояд аз нав бо номи “маъмури хориҷӣ” сабти ном шаванд ва корашон ҳам таҳти назорати шадид қарор мегирад. Мақомоти Русия мегӯянд, ҳадафи тарҳи мазкур монеъ шудан ба нуфузи хориҷиён дар сиёсати дохилии Русия аст. Аммо мунтақидон гуфтаанд, Русия ин санадро ба хотири саркӯби ҷомеаи маданӣ ва тазоҳуротҳои афзоянда алайҳи Владимир Путин қабул карданист.