Катерина Измайлова: “Мо ба ҳавзи нави шиноварӣ ниёз дорем”

Шумораи варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои ХХХ тобистонаи олимпӣ дар Лондон ширкат хоҳанд кард, 15 нафар мебошад.
Ахиран шиновар Катерина Измайлова бо тасмими муштараки Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Федератсиюни байнулмилалии шиноварӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Лондон мушарраф шуд.

Катерина аз синни 6-солагӣ ба шиноварӣ машғул шудааст. Вай дар се сабқати ҷаҳонӣ ва дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008-ум дар Пекин дар шиноварӣ ба масофаҳои 50 ва 100 метр бо тарзи озод ширкат кардааст. Ӯ қаҳрамони бисёркаратаи шиноварии Тоҷикистон мебошад.

Устоди варзиш Катерина Измайлова дар мактаби махсуси шиноварии захоири олимпии шаҳри Душанбе кор ва тамрин мекунад. Вай мегӯяд, «ҳавзи шиноварии ин мактаб барои машқ кардан мусоид нест. Оби ҳавз гарм намешавад ва дар оби сард шино кардан душвор аст. Мо ба ҳавзи нави шиноварӣ ниёз дорем.”

Катерина афзуд, дар Тоҷикистон наврасону ҷавонони боистеъдод зиёданд, аммо аксар духтарон бармаҳал шиновариро тарк мекунанд. Зеро ҳоло анъанаҳо ва бинишҳои мардуми тоҷик нисбат ба замони шӯравӣ тағйир хӯрдаааст, бинобар ин солҳои ахир волидайн намегузоранд, ки духтаронашон пас аз 14-солагӣ ба шиноварӣ машғул шаванд.

Ӯ гуфт, “духтарони хеле боистеъдод ҳастанд, ки мешавад тарбия кард. Аммо чун бародари онҳо мебинад, ки хоҳараш бо писарон урён шиноварӣ мекунад, тоқат намекунад. Мавориде буд, ки бародарон хоҳаронро латукӯб карда бурда буданд. Духтарони ояндадори хуб бисёр буданд. Ҳамчунин волидон ба ин хотир муқобили шиноварии духтаронанд, ки оби хунук ба онҳо - модарони оянда зиён мерасонад."

Катерина Измайлова ягона духтари 5-солааш Эмилияро ба воя мерасонад, ки беҳтарин мухлиси ӯст. Эмилия ҳангоми мусобиқот ба ҳавзи шиноварӣ ҳамроҳ бо падараш меояд ва барои муваффақ шудани модараш ҳаводорӣ мекунад. Эмилия мегӯяд, "вақте мебинам, ки модарам шино дорад, фарёд мекунам: Катя! Модар, модар, ба пеш! Аммо худам аз шиноварӣ метарсам..."

Людмила Ляшенко, раҳбари мактаби махсуси шиноварии захоири олимпии шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иброз дошт, ки дар мактаб ҷавонони бомаҳорат ва ояндадорро мебинад, ки аз онҳо шиноварони ҳирфаӣ тарбия кардан мумкин аст. Аммо ба иллати набуди оби гарм дар ҳавзи шиноварӣ, онҳо танҳо дар фасли гармо имконияти тамрин кардан доранду халос. Вай гуфт, «ҳарорати оби ҳавз ҳатто дар фасли гармо 16- 20 дараҷа аст. Бо вуҷуди ин, мо ба камбудиҳо нигоҳ накарда тамрин мекунем, пеш меравем. Аммо агар роҳбарияти мо ягон ҳавзи шиноварии нав месохт ё ақалан ҳавзи моро бо таҷҳизоти обгармкунӣ муҷаҳҳаз месохт, мо тамоми сол дар он тамрин мекардем.»

"Мо аз он ифтихор мекунем, ки шогирди мактабамон дар бузургтарин чорабинии варзишӣ – Бозиҳои олимпӣ барои бори дувум Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Ҳарчанд мо аз Катерина Измайлова ҷоизаи олимпиро чашмдор нестем, вале умедворем, ки ӯ дар Лондон дар шиноварӣ натиҷаҳои барои мо хуб нишон медиҳад",- афзуд хонум Ляшенко.