Нишасти саввуми "Дӯстони Сурия" шурӯъ мешавад

Имрӯз дар шаҳри Пориси Фаронса нишасти саввуми мавсум ба “Дӯстони Сурия” баргузор мешавад, ки дар он роҳҳои хотима додан ба низоъ дар Сурия ва барканории раиси ҷумҳур Башшор Асад баррасӣ мекунанд. Лаурент Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса, гуфт, дар ин нишаст ба иқдомоти мушаххас барои кӯмак ба мардуми Сурия, аз ҷумла додани васоили мухобиротӣ ба мухолифин таммаркуз хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 100 нафар аз мухолифини Сурия дар нишаст ҳузур хоҳанд дошт. Интизор меравад, ки Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, дар нишаст бихоҳад, ки алайҳи Башшор Асад ва атрофиёни ӯ таҳримоти сахттар эъмол кунанд. Русияву Чин, ки монеъи аксари иқдомот алайҳи раиси ҷумҳури Сурия шудаанд, дар нишасти Порис ҳузур надоранд. Созмони Авфи Байналмилал дар остонаи ин нишаст хост, то фурӯши силоҳ ба Сурия мамнӯъ шавад ва аз мусаллаҳ кардани шӯришиён дар он кишвар ҳушдор дод.