Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Лондон

Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон аз 27-уми июл то 12-уми август баргузор хоҳанд шуд.
Дар пойтахти Бритониёи Кабир - Лондон барои бори севум Бозиҳои тобистонаи олимпӣ баргузор мешаванд. Аз ин пеш Лондон ду бор - солҳои 1908 ва 1948 мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпӣ буд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат меварзанд ва ин дафъа панҷумин бор аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ беҳтарин варзишгарони кишвар намояндагӣ мекунанд.

Шумораи варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Лондон ширкат меварзанд, 15 нафар мебошад. Онҳо дар 6 риштаи варзиш – бокс, варзиши сабук, гуштии озод, дзюдо, таэквондо WTF ва шиноварӣ рақобат хоҳанд кард.

Бар асоси тақвими Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ варзишгарони тоҷик дар мусобиқот аз 28-уми июл то 12-уми август ширкат мекунанд:

28-уми июл
Анвар Юнусов, бокс, дар вазни -56 кг
Собирҷон Назаров, бокс дар вазни -75 кг

30-юми июл
Расул Боқиев, дзюдо, дар вазни -73 кг
Ҷаҳон Қурбонов, бокс, дар вазни -81 кг

1-уми август
Парвиз Собиров, дзюдо, дар вазни -90 кг

3-юми август
Дилшод Назаров, гурзандозӣ
Владислава Овчаренко, давидан (100 м)
Катерина Измайлова, шиноварӣ (50 м тарзи озод)

5-уми август
Мавзуна Чориева, бокс, дар вазни -60 кг

6-уми август
Владислава Овчаренко, давидан (200 м)

10-11-уми август
Фарҳод Неъматов, таэквондо WTF, дар вазни -80кг
Алишер Гулов, таэквондо WTF, дар вазни +80 кг

10-уми август
Николай Ноев, гуштии озод, дар вазни -55 кг

11-уми август
Юсуф Абдусаломов, гуштии озод, дар вазни -84 кг

12-уми август
Зелимхон Юсуфов, гуштии озод, дар вазни -66 кг
Искандари Рустам, гуштии озод, дар вазни -96 кг