"Тоҷикистон метавонад ҷойгузини «Манас» шавад"

Бо таваҷҷӯҳ ба поёни фаъолияти пойгоҳи «Манас» дар соли 2014, Тоҷикистон метавонад ин нуктаи старегиро иваз кунад.
Ин нуқтаро Дени Ли Бэртон, раҳбарии ҳайати гурӯҳи даҳнафарии сенаторони амрикоӣ дар сафар ба Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, рӯзи ҷумъаи 6 июл дар нишасти хабарӣ бо расонаҳо дар шаҳри Душанбе баён дошт ва гуфт:

«Дар марҳалаи хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 дар нақша аст, ки пойгоҳи амрикоии «Манас» дар Қирғизистон баста шавад. Мо дар маҷмӯъ аз номи ҳукумат гап намезанем, вале мо бовар дорем, ки Тоҷикистон ба хотири марзи тӯлонии муштаракаш бо Афғонистон метавонад ҷойгузини ин маркази транзитӣ шавад. Баъди бозгашт мо ин мавзӯъро бо Департаменти давлатӣ дар миён мегузорем».

Ба таъкиди ин сенатори амрикоӣ, назорати қавӣ ва муштарак бар ҳифзоати он як амри зарурӣ аст ва ИМА барои таҳкиму таъмини амнияти марз муштарак бо Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард.

Дени Ли Бэртон

Ҳамзамон ҷаноби Бэртон афзуд, ки ИМА ҳамкории дӯстона ва созандаеро бо Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф дорад ва минбаъд низ талош хоҳад кард, то кӯмакҳои худро барои ҳама соҳаҳо, ба хусус рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бештар кунад. Зеро ба қавли ин сенатори амрикоӣ, ИМА дар симои Тоҷикистон шарики пурқувват ро мебинад. Ба ин далел ин сенатори амрикоӣ мӯътақид аст, ки бояд ҷодаи «Шоҳроҳи Абрешим бештар фаъол гардад ва ин боиси рушд ва тақвияти ҳамкориҳои тиҷории минтақавӣ хоҳад шуд.

Вай дар мавриди таҳаввулоти ахир, ба хусус баҳси Русия ва Тоҷикистон бар сари тамдид ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон, ки давлатмардони рус иддао доранд, ки Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи ҳампаймоӣ бо ИМА ва НАТО барои интиқоли бору таҷҳизоти ин созмон аз Афғонистон аст, гуфт:

«Тасмими берун кардани таҷҳизот ва имконоти НАТО аз Афғонистон ба салоҳияти раҳбарият ва фармондеҳии ин созмон аст, аммо мо фикр мекунем, ки Тоҷикистон ва Русия аз муносиботи хубе бархурдоранд ва ин гуна масоилро муштарак худашон аз тариқи музокирот ҳал хоҳанд кард»

Бо ин ҳам ҷаноби Бэртон шабакаи транзитӣ ё икмолотии шимол барои нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистонро аз лиҳози иқтисодӣ барои кишварҳои минтақа муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, ин имкон медиҳад то ҷойҳои нави корӣ таъсис шавад.

Аммо шубҳаи хабарнигорон бар ин буд, ки ин маршрут метавонад фасодро густариш бахшад. Сенатори амрикоӣ дар посух ба ин шубҳаи хабарнигорон зикр кард, ки "барои ҷилавгирӣ аз мавориди фасод ҳукумат ва назорати шадид ба ин амри номатлуб зарур аст ва дар мулоқоте, ки рӯзи гузашта бо Эмомалӣ
Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон доштем, ин масъаларо низ матраҳ кардем ва хушҳолем, ки президент Раҳмон иродаи қотеъ ва қавии худро дар мубориза алайҳи фасодкорӣ баён карданд."

Зимнан, гурӯҳи даҳнафараи конгрессменҳои амрикоӣ дар раъси Дени Ли Бэртон пас аз зӯҳри рӯзи панҷшанбе вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд ва дар нахустин лаҳзаҳои сафар музокиротеро бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон анҷом дод.

Қарор аст, дар сафари дурӯзаи худ, конгрессменҳои амрикоӣ, бо масъулони порлумон ва аҳзоби сиёсии Тоҷикистон низ дидору гуфтугӯе дошта бошанд.

Конгрессменҳо сафари худро ошноӣ бо вазъ дар Тоҷикистон ва муносибати раҳбарияти ин кишвар ба раванди хурӯҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 унвон кардаанд.