Баландтарин бинои Аврупо дар Лондон сохта шуд

Лондон

Дар Лондон баландтарин бинои Аврупо дарҳояшро боз кард. Бинои 310 метра дар шакли ҳарами шишагӣ сохта шуда, номи он The Shard ё худ садаф мебошад. Шоми панҷшанбе дар маросими кушоиши бино сарвазири Қатар Ҳамад бин Ҷосим ас-Сонӣ ба ҳайси намояндаи кишвари сармоягузор ва писари маликаи Британия шоҳзода Энрю ширкат варзиданд.