Сафири Бритониё дар Тоҷикистон аз ғайрати занони соҳибкори тоҷик ситоиш кард.
Робин Ҷермӣ Орд Смит гуфт, комёбии онҳо занони дигарро низ илҳом хоҳад дод ва аз кунҷи хона берун хоҳад овард.
Мулоқоти Робин Ҷермӣ Орд Смит бо 50 номзади озмуни "Фараҳ-2012" барои унвони беҳтарин зани соҳибкор дар манзили ин дипломати инглис сурат гирифт ва сафорати Бритониё аз нахустин ниҳодҳое буд, ки ба озмуни «Фараҳ-2012» таваҷҷӯҳ зоҳир кард.
Дар ин дидори муҳим ва дар фазои дӯстонаву ғайрирасмӣ, занони тоҷик имкон доштанд, на танҳо аз дастовардҳои худ ҳикоят кунанд, балки ҳамчунин тарҳҳои наверо бевосита ба сафир пешниҳод кунанд. Ҷаноби Смит гуфт, аз он хушҳол аст, ки дар Тоҷикистон теъдоди ҳарчӣ бештари занон ба соҳибкорӣ майл пайдо мекунанд ва бо муваффақияти худ дигаронро низ ташвиқ мекунанд.
Вай афзуд: «Ман хурсандам, ки дар Тоҷикистон ҳамингуна озмун гузаронида мешавад ва дар ниҳоят онҳое интихоб шуданд, ки дар соҳаҳои мухталиф фаъолият мекунанд. Бритониё ба самаранокии фаъолияти соҳибкорӣ эътимод дорад. Зеро он метавонад омили рушди иқтисод ва тавлидот дар кишвар бошад ва ҳамчунин ҷойиҳои нави кориро ба миён орад.»
Бо ташкили озмуни «Фараҳ-2012» Анҷумани занони соҳибкори Тоҷикистон мехоҳад, дастоварди занонеро, ки машғули бизнеси бузурганд, нишон диҳад ва пешсафони бахшҳои гуногун, аз ҷумла кишоварзӣ, косибӣ, мӯд ва дизайнро муайян кунад. Ҳамзамон дар он ба оғози бомуваффақияти соҳибкорӣ ё худ "start up" низ сабқате идома дорад.
Гулбаҳор Маҳкамова, раиси ин анҷуман дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар озмуни мазкур 285 нафар ширкат доштанд ва аз ин миён ба даври дуввум танҳо 50 нафар роҳ ёфтанд.
Вай мегӯяд:«Оғози фаъолияти соҳибкорӣ кори хеле мушкил аст ва ба ҳамин хотир аксари занҳо соҳибкории хурду миёнаро ихтиёр мекунанд. Ва ман то ҳадде ҳайратзада шудам, аз он,ки дар миёни занҳои тоҷик онҳое, низ будаанд, ки раҳбарияти ширкати калони сохтмонӣ, бемористон, корхонаи паниру ҳасибарорӣ ва ғайраро ба ӯҳда доранд. Мақсади мо низ он аст, ки чунин намунаҳоро ба дигарон нишон бидиҳем. Зеро дар тиҷорати хурду миёна рақобат хеле зиёд аст ва аммо гузариш ба сохтори дигар метавонад ба маротиб муваффақтар бошад.»
Аз нигоҳи хонум Маҳкамова, бо назардошти он, ки занҳо кори худро оқилона ва бо маҳорат пеш мебаранд, дар ҷаҳон занони соҳибкор чаҳор маротиба камтар муфлис мешаванд. Аз ҳамин хотир бонкҳо ва созмонҳои хурди қарздиҳӣ низ ба занони соҳибкор эътимоди бештар доранд.
Аммо дар ҳамин ҳол Наҷотхон Исомиддинова, зане, ки дар соҳаи нақлиёт фаъолият дорад, мегӯяд, дар 9 соли кор пайваста бо мушкилоти мухталиф рӯбарӯ мешавад ва ғолибан монеаҳое дар ин роҳ аз ҷониби мардон гузошта мешаванд. Аммо бо ин вуҷуд ба гуфтаи ягона бонуи соҳибкори соҳаи нақлиёт дар Тоҷикистон, имрӯз дар муасссисаи нақлиётии вай 164 мард кор мекунанд.
Хонум Наҷотхон афзуд: «Новобаста ба рақобати дараҷааш носолим, сангҳои сари роҳ, ки қувваи як гурӯҳ мардони махсус буданд, ман тавонистам истодагарӣ кунам. Ду маротиба дар озмун-тендер ғолиб омадам, панҷ хатсайри нав кушодам, нархро арзон кардаву мушкили мусофиронро осон намудам. Ин ҳама пешравӣ вобаста ба талошҳои худ ва дар ба дар гаштанҳоям буд. Ҳоло ман ба сафир як тарҳи худамро пешниҳод кардам ва агар он дастгирӣ ёбад, боз 60 нафар зану мард соҳиби ҷойи кор мешаванд.»
Ба фарқ аз Наҷотхон Исомиддинова, Адолат Мирзокаримова, раҳбари як ширкати бинокорӣ мегӯяд, дар ин соҳа дар шаҳри Қӯрғонтеппа рақиб надорад. Ба гуфтаи вай, то имрӯз ширкати ӯ дар сохтмони варзишгоҳ, мактаб, осорхона ва ҳам манзилҳои истиқоматии ин шаҳр саҳм гузоштааст. Ин зани соҳибкор гуфт, манзилҳои бунёдкардаи вай вобаста ба шумораи ҳуҷраҳо, аз 16 ҳазор то 45 ҳазор доллари амрикоӣ нарх доштаанд.
Аммо ҳамчун зан ӯ раҳму шафқатро низ сармашқи кори худ медонад, ҳарчанд бизнес як кори сахт ва гоҳе бераҳмона аст: «Ман оилаҳоеро, ки камбизоат буданд ва ҳамагӣ 10 ва ё 20 дарсади нархи манзилро пардохт карданд, ба онҳо хона додам. Чун миёни онҳо заноне буданд,ки 10 -15 сол иҷоранишин буданд ва гиря карда мегуфтанд, ки маблағи хонаро ба тадриҷ медиҳанд. Ва воқеан ҳам дар муддати 1 ва ё 2 сол онҳо пули хонаро пурра месупоранд».
Маҳфил дар хонаи сафири Бритониё ва куллан ҷараёни озмуни «Фараҳ 2012» собит кард, ки Тоҷикистон соҳиби занони лидер дар риштаҳои гуногуни соҳибкорӣ шудааст ва майдони амали онҳо дар ҳоли густариш аст. Озмунро нишасту ҳамоишҳои зиёде дар пеш аст ва натиҷаҳои он дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон ҷамъбаст хоҳад шуд.