Боздошти ду нафар бо ҷурми ҳамла ба саррофони Душанбе

Мақомоти амниятии Тоҷикистон ду нафарро ба ҷурми ҳамла ба саррофон ва сирқати 100 ҳазор доллари амрикоӣ боздошт карданд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин амалиёт дар ҳамдастӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар натиҷа Рустам Ашӯров, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Душанбе ва Қутбиддин Содиқов, соли таваллудаш 1975, сокини ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шуданд. Вай афзуд, ҳангоми боздошт аз Рустам Ашӯров ду таппончаи «Макаров» бо ҳафт тир ва 15 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз Қутбиддин Содиқов 395 ҳазор рубли русӣ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.

Соати 7-и пагоҳии 11 июни соли равон ашхоси номаълум дар кӯчаи Амиршоеви шаҳри Душанбе бо истифода аз яроқи оташфишон аз Сунатулло Файзуллоев, корманди нуқтаи мубодилаи асъор ва Хуршед Саидов, корманди мағозаи фурӯши телефонҳои мобилӣ, воқеъ дар бинои Маркази савдои «СУМ»- 95 ҳазор доллари амрикоӣ ва маблағи калон ба пули русиро тасарруф намуда, фирор карда буданд. Дар роҳ ба сӯи маҳаллаи Зарафшон онҳоро ҷабрдидагон таъқиб мекунанд, аммо мавриди тирандозии афроди ғоратгар қарор мегиранд.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, гумонбаршудагон дар кӯчаи Зарафшон ба назди бинои 29 «а» омада, автомашинаашонро дар онҷо партофта, ба ронандаи автомашинаи «Нексия», рақами қайди давлатиаш 22-91 АМ РТ/01 Муҳиддин Азимзода, сокини ноҳияи Ҳисор, ки ба шӯстушӯи автомашинааш машғул буд, ҳуҷум намуда, бо истифодаи яроқи оташфишон ва таҳдид автомашинаашро гирифта, ба самти Душанбе-Турсунзода фирор менамоянд.
Вай афзуд, вобаста ба содиршавии ин ҷинояти вазнин, ки боиси паҳн гардидани ҳангомаву овозаҳои зиёд гардид, парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, гурӯҳи махсуси фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуд.

Маҳмадулло Асадуллоев гуфт, ҳоло чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ барои дастгир намудани аъзоёни дигар ин гурӯҳ идома дорад.