Дар Девонияи Ироқ 25 нафар кушта шуданд

Мақомоти расмии Ироқ мегӯянд, ки дар инфиҷори баме дар шаҳри Девония 25 нафар кушта, 50 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Баъд аз ин инфиҷор пулис қисман қуюди шабгардӣ эълон кардааст ва ҳамаи роҳҳои вурудӣ ба шаҳрро бастааст.

Қабл аз ин инифҷор дар шаҳри Карбало низ ду бам дар роҳ мунфаҷир шуд. 5 нафар ба қатл расид ва 20 нафар ҷароҳат бардошт. Қотилон дар Карбало зоирини шиаро ҳадаф қарор дода буданд. Онҳо барои таҷлил аз мавлуди имом Маҳдӣ- имоми 12-уми худ гирдиҳам омада буданд.