СММ. Таъхири арзёбии қарордоди саросарии фурӯши силоҳ

Арзёбии қарордоди саросарии фурӯши силоҳ, ки мебоист рӯзи душанбе дар СММ ифтитоҳ ёбад, ба таъхир гузошта шуд.
Исроил ба тақдими мақоми нозир ба ҳайати фаластиниҳо мухолифат кард ва дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун эълон кард, ки маросими ифтитоҳи музокирот то субҳи сешанбе таъхир меёбад.

Тибқи гузоришҳо Исроил гуфтааст, ки агар фаластиниҳоро ба толор роҳ диҳанд, давлати яҳудӣ аз музокирот хориҷ хоҳад шуд. Ҷои ёдоварист, ки барои аввалин бор дар таърихи муосир СММ арзёби лоиҳаи қарордоди саросарии фурӯши силоҳро матраҳ намудааст.

Бан Ки Мун, дабири кулли СММ

Аксари аъзои СММ аз он тарафдорӣ мекунанд, ки як қарордоди мустаҳкам назорати фурӯши саросарии силоҳро таҳти назорат гирад, вале дар мавриди салоҳиятҳову шиддати ин санад миёни баъзе кишварҳо ихтилофи назар вуҷуд дорад. Фурӯши ҷаҳонии аслиҳа солона ба тахминан 60 миллиард доллар баробар аст.

Ҷеф Абрамсон, раиси созмони ғайридавлатии Маъракаи назорати аслиҳа, ки қароргоҳаш дар ИМА аст, мегӯяд, қабули қарордод бояд меъёрҳои фурӯши силоҳро муқаррар кунад: “Асли қарордодро чорчӯби меъёрҳо ташкил медиҳад, ки давлатҳо аснои хариду фурӯши аслиҳа иҷро хоҳанд кард. Масалан: арзёбии ҳуқуқи башар, қонунҳои байналмилалии башарӣ, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, яъне меъёрҳое, ки бо фурӯши аслиҳа поймол нашаванд. Агар ин меъёрҳо иҷро нашаванд, фурӯши аслиҳа мутаваққиф мешавад.”

Барои қабули чунин қарордод мувофиқати тамоми кишварҳои узви СММ, яъне консенсус лозим хоҳад буд. Аммо Брайан Вуд, нозири аслиҳа ва ҳуқуқи башар дар созмони дидбони ҳуқуқи башар Амнести Интернешенел мегӯяд, агар мувофиқати 193 кишвари узв ҳосил нашавад, кишварҳои ташаббускори қарордод лоиҳаро ба Маҷмаи Кулли СММ пешниҳод хоҳанд кард. Дар он ҷо барои тасвиби ин санад дастгирии аз се ду ҳиссаи кишварҳои узви СММ кофӣ хоҳад буд.

Дар як изҳороти муштарак Британия, Фаронса, Олмон ва Шветсия иброз доштаанд, ки фурӯши аслиҳа ҳар чӣ бештар ба таҳдид ба инсоният табдил меёбад ва қабули паймоне зарур аст, ки кишварҳо ба татбиқи он маҷбур бошанд.
Бузургтарин фурӯшандаи аслиҳа дар саросари олам ИМА аст. Дар миёни кишварҳои сафи аввал фурӯшандагони силоҳ Британия, Чин, Фаронса, Олмон ва Русия низ қарор доранд.

Абрамсон мегӯяд, бидуни шубҳа баъзе кишварҳо меъёргузории тиҷорати сердаромадашонро ба осонӣ қабул нахоҳанд кард. Аммо матраҳ шудани меъёрҳои ҳуқуқи башар ҳангоми тасдиқи фурӯши аслиҳа ҳукуматҳоро ба эҳтиёткорӣ водор менамояд.

Ташаббускорони назорати фурӯши аслиҳа мегӯянд, баъзе низоъҳои олам, ки аз сабаби фурӯши бадахлоқонаи силоҳ авҷ гирифтаанд, ба рафти конфронс таъсири манфӣ мегузоранд. Ба қавли онҳо намунаи чунин фурӯши бадахлоқона таъмини силоҳ ба президенти Сурия Башор Асад аз сӯи Русияву Эрон аст, ки боиси амиқрафти низоъ дар ин кишвар шудааст.

Сюзан Райс, сафири Амрико дар СММ

Сафири ИМА дар СММ хонум Сюзан Райс гуфт, воқеан Русия бар пояи созишҳои қаблиаш ба Сурия силоҳ мефиристад, вале дар ҳар сурат дипломати амрикоӣ идомаи ирсоли силоҳ ба ин кишвари бӯҳронзадаро маҳкум намуда, даъват кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳрими фурӯши силоҳ ба Сурияро тасвиб кунад.

Покистон ишора кард, ки қарордод бояд мушаххас кунад, ки кадом навъи силоҳ дар чорчӯби ин санад хоҳад буду кадом навъи силоҳ берун аз назорати он? Ба қавли коршиносони покистонӣ, ҳангоми таҳияи лоиҳа миёни ҳайатҳои корӣ, дар ин масъала ихтилофи назар ҷой дошт.

Ба гуфти намояндагони Украина, қарордод набояд ба тиҷорати қонунӣ монеа гузорад, яъне ин санад набояд ҳаққи мудофиаи қишварҳоро маҳдуд кунад ва ё ҳамчун василаи барои табъизи мамолики дигар истифода шавад. Арманистон таъкид кард, ки ҳар кишвар бояд бидуни кадом монеа имкон дошта бошад, ки аз худ дифоъ намояд.