Дар Мексика мухолифин имкони пирӯзӣ доранд

Овоздиҳӣ дар Мексика

Тибқи ҳисобҳои пешакии ғайрасмӣ Энрике Пена Нието-номзади ҳизби инқилобии институтсионалӣ (PRI) бо 40 дар сади раъйҳо дар интихоботи президентии Мексика пешдастӣ дорад, яъне аз эҳтимол дур нест, ки ин гурӯҳи сиёсӣ баъди 12 сол ба сари қудрат баргардад. Собиқ раиси шаҳри Мексико Андрес Мануэл Лопез Обрадор бо 30 дар сади овозҳо дар ҷои дуюм ва номзади ҳизби ҳокими амали миллӣ хонум Жозелина Васкес Мота бо 23 дар сади раъйҳо дар ои сеюм қарор дорад.
Ҳизби инқилобии институтсионалӣбаъди яккаҳукмронии тақрибан 71 сола дар соли 2000-ум қудратро аз даст дода буд.
Ҳизби амали миллии президенти кунунии Мексика Филипе Калдерон пуштибонии мардумиро аз даст медиҳад, зеро нооромиҳои шаш соли ахир ҳаёти камаш 50 ҳазор сокини Мексикаро аз байн бурдааст. Дар интихоботи феълӣ мавзӯъҳои мубориза бо қашшоқӣ ва ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир дар маркази таваҷҷӯҳ аст. Мексика дувумин иқтисоди нерӯманди Амрикои Лотинӣ мебошад. Вале аз миёни 112 миллион аҳолии он 47 дар сади мардум камбизоат ҳастанд. Ҳамчунон дар интихоботи кунунии Мексика 628 вакили парламенти ин кишвар интихоб мешаванд.