Тими Эрон мунтахаби Тоҷикистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё (U-22) аз тими Эрон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.
Ин бозии даври чаҳоруми гурӯҳи «С» имрӯз 1- уми июл дар шаҳри Малакаи Малайзия баргузор шуд.

Паём Содиқиён дар дақиқаи 3-юм аз пеналтӣ ҳисобро боз кард. Карими Ёқуб дар дақиқаи 26-ум голи дуввуми эрониҳоро ба самар расонд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ чунин буд: Саидҷон Саидраҳмонов, Алишер Шарифов, Сиёвуш Асроров, Қурбоналӣ Собиров (Азимҷони Юнусзода, 52), Аҳтам Назаров, Расул Файзов, Бахтиёр Қаландаров (Шамсиддин Қосимов, 34), Ҷамолиддин Зардиев, Нуриддин Давронов (капитан, Нодирбек Маъмиров, 55), Умедҷон Шарифов ва Фирдасӣ Қурбонов.

Ёдовар мешавем, дастаи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш аз тими Баҳрайн бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуда, дар бозии дуввумаш бар мунтахаби Молдив бо ҳисоби 2:1 пирӯз гашта буд. Баъдан футбобозони ҷавони тоҷик дар даври севум аз тими Кувайт бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буданд.

Дар бозии дигари даври чаҳоруми мусобиқа дар гурӯҳи «С» Баҳрайн бар Молдив бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Дар бозии охирини даври чаҳорум дар ин гурӯҳ Кувайт бар Қатар бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Ҳоло дар гурӯҳи «С» мунтахаби Эрон бо 12 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад ва сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш бо Баҳрайн (3-июл) соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ гардид.Тими Кувайт бо 9 имтиёз дуввум аст Дастаҳои Қатар ва Баҳрайн бо шаш имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севум ва чаҳорум мебошанд. Ҳар се даста барои роҳхати дувум талош доранд.

Дастаи Тоҷикистон бо 3 имтиёз дар зинаи панҷум қарор гирифтааст. Мунтахаби Молдив бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудааст. Футболбозони ҷавони тоҷику молдив новобаста аз натиҷаи бозии охиринашон имкони аз гурӯҳ баромаданро аз даст доданд.

Дастаи Тоҷикистон дар даври охирини гурӯҳи «С» рӯзи сешанбе, 3-июл бо мунтахаби Қатар, Молдив бо Кувайт ва Баҳрайн бо Эрон рақобат хоҳанд кард.