Раҳбарони кишварҳо бозии ниҳоиро тамошо мекунанд

Барои тамошои бозии ниҳоии “Аврупо-2012” руасои ҷамоҳири Молдоваву Тоҷикистон, Арманистону Беларус, Гурҷистону Русия ва Полша ба Киеви Украина меоянд. Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Киев оғоз шудааст.

Дар остонаи ин бозӣ нахуствазирони Италияву Испания низ барои ширкат дар ин бозӣ изҳори омодагӣ карда буданд. Бозии ниҳоӣ байни дастаҳои ин ду кишвар баргузор мешавад. Аз кишварҳои дигар, аз ҷумла аз чанд кишвари арабӣ низ ҳайатҳо дар ин бозӣ ҳузур хоҳанд дошт.