Имоми як масҷиди Доғистонро куштанд

Мақомоти Ҷумҳурии Доғистони Русия мегӯянд, бар асари ҳамла ба масҷиди рустое дар онҷо имоми масҷид ва як нафари дигар кушта шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, афроди ниқобпӯши мусаллаҳ нимашаби панҷшанбе ба масҷиди рустои Карамахӣ дар ноҳияи Буйнакск ворид шуда, имоми он Муҳаммадкомил Ғамзатовро ва як меҳмони ӯро кушта ва сипас масҷидро оташ задаанд. Мақомоти расмӣ ба таҳқиқи ин ҳамла шурӯъ кардаанд ва маълум нест, ҳамла кори дасти кадом гурӯҳ бошад.