Созмони Милали Муттаҳид авҷ гирифтани хушунат дар Косово, бахусус “ҳамла ба автобуси кӯдакони сербтаборро” маҳкум кард. Фарид Зариф, намояндаи Созмони Милал барои Косово, баъди ин ҳодиса аз мақомоти расмӣ хост, қазияи ҳамларо таҳқиқ кунанд. Рӯзи панҷшанбе пулиси Косово монеъи сафари як гурӯҳи 70 нафарии сербҳо ба зиёратгоҳҳо ва маконҳои таърихӣ дар шаҳри Приштина маркази Косово шудааст, ки дар натиҷа миёни онҳо задухӯрд ба вуқӯъ пайваста, 50 нафар ҳам маҷрӯҳ шудаанд. Паймони НАТО ҳам ин ҳодисаро маҳкум карда гуфт, ки ба сӯи автобуси мусофирони серб, зарфҳои бензин партоб кардаанд. Отифата Лаҳҷага, раиси ҷумҳури Косово гуфтааст, ки дар оянда ин гуна гурӯҳҳоро ба Косово роҳ намедиҳад, зеро онҳо вазъи амниятӣ дар инҷоро бадтар мекунанд.