Дар нишасти Брюссел мушкили бекорӣ баррасӣ шуд

Дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел Муоҳида оид ба рушд ва шуғли аҳолӣ бо ҳаҷми 120 миллиард евро ҳамоҳанг шуд. Ин санад бояд то охири соли равон ба ҳукми қонун ворид шавад.

Қабл аз шурӯи нишасти Брюссел Ангела Меркел, садри аъзами Олмон гуфта буд, ки талошҳо барои таъмини рушди иқтисод ва коҳиши бекорӣ дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор хоҳанд дошт.

Франсуа Олланд, раисиҷумҳури Фаронса, хостори пуштибонӣ аз кишварҳое шуд, ки ба мушкили дарёфти қарз гирифторанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳукуматҳои Испания ва Италия, ки аз ислоҳот ба хотири коҳиши қарзи давлатӣ кор гирифтаанд, бояд аз имкони бо фойизи камтар дарёфт намудани қарз бархурдор бошанд.