Матбуот: Пойгоҳи Русия 10 сол бимонад, ё 49 сол?

Изҳороти ахири генерали рус Владимир Чиркин дар мавриди пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон дар бархе аз нашрияҳои чопи Душанбе бозтоб ёфтааст.
"АЗИЯ-ПЛЮС"

Дар матлаби "Оё Русия аз ҳила кор мегирад?", изҳороти ахири фармондеҳи русро паёме ба ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ карда навиштааст, "Русия аз интизории зиёди Тоҷикистон барои дар ниҳоят имзо кардани созишнома хаста шудааст." Ин аст, ки ба навиштаи нашрия, генерал Чиркин аз "сар задани муноқишаҳои мусаллаҳона" дар Осиёи Миёна бо ширкати Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳушдор додааст. "Азия-Плюс" ба нақл аз коршиносон 49 соли пешниҳодии Русия барои замони ҳузури пойгоҳи низомиро ғайривоқеӣ медонанд. Зеро сиёсатдон Рашид Ғанӣ Абдулло бар ин назар аст, ки "дар ин муддат ҳар чӣ шуданаш мумкин аст ва 10 сол мӯҳлати хубтаре аст."

"МИЛЛАТ"

Дар ин замина матлаберо зери номи "Пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон танҳо барои 10 сол мемонад" мунташир кард. Нашрия навишт, "изҳороти Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури собиқи Русия дар моҳи март дар шаҳри Душанбе дар мавриди то 49 соли дигар боқӣ мондани пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистонро иддае аз қишрҳои рӯшанфикри Тоҷикистон таҳқири мардуми ин кишвар хонда ва тақозо карданд, ки ин мӯҳлат то ба 7 сол кӯтоҳ карда шавад." Ин ҳам дар ҳолест, ки ба навиштаи нашрия, ахиран "Миллат" низ дар матлабе ба басанда будани мӯҳлати имзои ин шартнома то ба 10 сол пешниҳод дода буд. Пешниҳоде, ки давлати Тоҷикистон ҳамакнун ба Русия кардаааст.

"СССР"

Дар матлаби "Душанбе бояд Тифлис шавад", баррасии қазияи марбут ба Низомхон Ҷӯраевро идома дода ва аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон интиқод кардааст. Зеро ба навиштаи нашрия "манфиатхоҳии намояндагони мақомоти суду прокуратура ва милиса дар ин қазия ва натанҳо он, рӯз ба рӯз аёнтар мешавад. Ин ки барои ҳукумати Тоҷикистон дар ин шабу рӯз дигар ягон оппозитсия зарур нест, то ин ки мақомоте чун прокурору суду милиса дорад, ҳарфи наве нест." Пас ба таъкиди нашрия "дар ин сурат Эмомалӣ Раҳмон бояд ба реформаи ҷиддии сохтор даст занад. Магар беҳтар нест, ки мисли Михаил Саакашвили, раисиҷумҳури Гурҷистон мубориза бо ҳукумати худро шурӯъ кунад?"

"ОЗОДАГОН"

Тасмими ҳукумати Тоҷикистон барои то 15 дарсад ихтисор кардани кормандони идораву вазоратхонаҳо, кумитаҳову ширкатҳо ва ҳокимияти ноҳияву шаҳру вилоятҳоро ба маврид ва дархӯри талабҳои давру замон талаққӣ кардааст. Аммо нашрия дар матлаби "Ихтисор ва интихоб" аз он "шак" кардааст, ки "нашавад то ин раванд ба як зоҳиргароиву "сад фоиз қарор иҷро шудааст" гуфтану шиорҳои дурӯғину хушк табдил ёбад." Нашрия пешниҳод дорад, "вақти он расида, ки аз шахсиятҳои роҳбарикунандаи солхӯрда, каззобу фиребгар, бесавод, ки дурӯягиро шиори кору зиндагии худ қарор додаанд ва ҷаҳонбинии фароху интелектуалӣ як тараф истад, тафаккуру шуури муқаррарӣ надоранд, бояд халос хӯрд."

"НАҶОТ"

Аз монеаҳову мушкилот дар роҳи соҳибкорӣ изҳори нигаронӣ карда ва матлаберо "Соҳибкорӣ ба ботлоқи фасод ғутидааст" номгузорӣ кардааст. Нашрия дар ин матлаб "қонунҳои номукаммал, андозбандии мураккаб, мизони баланди андозҳо, монеъаҳои маъмуриву бюрократӣ ва қоғазбозиҳои барзиёд"-ро омили тавсеаи фасод дар бахши соҳибкорӣ донистааст. Зеро ба навиштаи нашрия, "соҳибкорон маҷбуранд барои рафъи баъзе монеаҳо ришва диҳанд, то тавониста бошанд, ки фаъолияти худро идома диҳанд."

"ФАРАЖ"

Мавридҳои пулситонӣ дар роҳҳои дохилии Турсунзодаро мояи тааҷҷуб хонда ва навиштааст, "иддае аз ронандагони ин шаҳр ба редаксия занг зада, аз пулакӣ шудани қисме аз роҳҳои дохилӣ нигаронӣ карданд." Ба навиштаи нашрия, "ин иқдом аз ҷониби сохторҳои вазорати нақлиёт сурат гирифта ва дар назди ин вазорат, як муассиса кушода шудааст, ки чандин нафар бо либоси якхела аз мардум аз як то 2-3 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ мекунанд."