Кофӣ Аннон, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб, тайид кард, ки мулоқоти вазирони умури хориҷии кишварҳои гуногун оид ба авзоъ дар Сурия рӯзи шанбе дар Женева баргузор мешавад.
Ба гуфтаи Аннон, дар ин нишаст дарёфти роҳҳои иҷрои тарҳи сулҳи пешниҳодкардаи ӯ, аз ҷумла, тарзҳои хатми хушунат дар кишвар баррасӣ мешавад.
Бар пояи хабарҳо, ба ин нишаст намояндагони Эрон ва Арабистони саудӣ даъват нашудаанд. Аз ин пеш вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ширкати кишвараш дар нишасти Женеваро тайид намуд ва хостори даъвати ҳамтои эронияш ба конфаронс шуд.
Дирӯз дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева гузориш дар бораи авзоъ дар Сурия муаррифӣ шуд, ки дар он, аз ҷумла, далелҳои ҷиноёту қонуншиканиҳои зиёди артиши Сурия, ба шумули қатли афроди норозӣ оварда шудааст. Намояндаи Сурия дар СММ ба нишони эътироз толорро тарк намуд.