Вазирони молияи 17 кишвари узви «минтақаи евро» баъд аз музокирот аз тариқи телефон барои кӯмаки молиявӣ ба Қибрис изҳори омодагӣ карданд. Аз ин пеш Сандуқи байнулмилалии пул дарёфти дархости Қибрис барои ёрии моливиро тайид кард.
Дар изҳороти вазирони молия гуфта шудааст, ки қадами навбатӣ – баррасии барномаи наҷоти иқтисоди Қибрис бо ширкати намояндагони Комиссиюни Аврупо, Бонки марказии Аврупо, мақомоти Қибрис ва Сандуқи байнулмилалии пул хоҳад буд.
Ба иттилои иқтисоддонҳои Иттиҳодияи Аврупо, Қибрис ба тақрибан 10 миллиард евро қарз ниёз дорад. Аммо вазири молияи Қибрис Вассос Шиарли изҳор намуд, ки ҳаҷми қарз ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Қибрис баъд аз Юнон, Ирландия, Испания ва Португалия панҷумин кишвари «минтақаи евро»-ст, ки аз Иттиҳодияи Аврупо хостори ёрии молиявӣ шудааст.