Башор Асад рӯзи сешанбе дар нишасти ҳукумати кишвараш иқрор намуд, ки Сурия дар вазъияти ҷанг қарор дорад.
Дар нишасти ҳукумат дар Димишқ Башор Асад гуфт, “мо дар вазъи ҷанги воқеӣ аз чаҳор сӯ қарор дорем. Чун мо дар ин вазъият ба сар мебарем, ҳама сиёсат, ҳама ҷонибҳо ва ҳама бахшҳо бояд барои пирӯзӣ дар ин ҷанг сафарбар шаванд.”
Башор Асад дар ин нишаст талаби кишварҳои Ғарб барои истеъфоро рад кард ва афзуд, “Ғарб ҳамеша мегираду дар иваз чизе намедиҳад.” Ӯ гуфт, “мо хостори муносибати худ бо ҳама кишварҳоем, вале мо бояд манфиатҳои худро бидонем.”
Суханронии раисиҷумҳури Сурия мустақиман аз тариқи телевизиони миллӣ пахш шуд. Ба гуфтаи шореҳон, Башор Асад баъд аз 15 моҳи эътирозу хушунат ва саркӯбии гирдиҳамоиҳои мардумӣ шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварро эътироф кардааст.
Ба иттилои телевизиони Сурия, рӯзи сешанбе (26-уми июн) ҳукумати нав дар ҳузури раисиҷумҳур савганд ёд кард. Бо вуҷуди тағйирот дар ҳукумат, вазирони дифоъ ва умури худ дар мақомҳояшон боқӣ монданд.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузориҳо аз ҷангҳои шадид миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ дар канори Димишқ иттилоъ доданд. Онҳо бо истинод ба маркази дифоъ аз ҳуқуқи башари Сурия гуфтанд, ки задухӯрдҳо шаби сешанбе дар наздикиҳои пойгоҳҳои горди ҷумҳуриявӣ дар канори шаҳрҳои Қадсай ва Ҳома, воқеъ дар тақрибан 8-киломтерии Димишқ, сурат гирифтанд. Горди ҷумҳуриявӣ таҳти фармони Моҳир Асад, бародари раисиҷумҳур, амр гирифтааст, ки Димишқро аз ҳамлаҳои мухолифини мусаллаҳ дифоъ кунад.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар хабар доданд, ки рӯзи сешанбе дар Сурия дар маҷмӯъ 116 нафар – 68 сокини осоишта, 41 низомӣ ва 7 ошубгар кушта шуданд. Ба гуфтаи шореҳон, ҳоло Сурия бо ҳамсояаш Туркия низ дар вартаи ҷанг қарор дорад. Дирӯз Дабири кулли НАТО, Андерс Фоғ Расмуссен, гуфт, дар низоъ миёни Туркия ва Сурия оид ба нобудсозии ҳавопаймои ҷангии туркӣ аз сӯи нерӯҳои зидди ҳамлаи ҳавоии Сурия, Паймон дар паҳлӯи Анқара қарор дорад.
Баъд аз нишасти НАТО, ки бо дархости Туркия даъват шуда буд, Расмуссен гуфт, “аз нигоҳи мо, ин амал ғайри қобили қабул аст ва мо онро шадидан маҳкум мекунем. Ин боз як намунаи нодида гирифтани меъёрҳои байнулмилалӣ, сулҳу бехатарӣ ва ҳаёти инсон аз сӯи мақомоти Сурия аст.”
Аммо дар ин нишаст НАТО аз истифода аз банди 5 Оиннома, яъне, эътирофи нобудсозии ҳавопаймои ҷангии Туркия чун ҳамла ба Паймон, худдорӣ кард. Мақомоти Димишқ баъд аз ҳодисаи рӯзи 22-юми июн гуфтанд, ки ҳавопаймои Туркия вориди ҳарими ҳавоии Сурия шуда буд ва нерӯҳои зидди ҳамлаи ҳавоӣ ҳақ доштанд, онро нобуд созанд. Вале нахуствазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон нобудсозии ҳавопаймои ҷангиро “амали тарҳрезишудаи душманӣ” номид ва таҳдид кард, ки дар оянда кишвараш ин гуна рафторро бепосух нахоҳад гузошт.
Қарор аст, авзоъ дар Сурия ба зудӣ дар як конфронси байнулмилалӣ баҳсу баррасӣ шавад. Ин нишаст, ки ибтикори фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи кишварҳои араб оид ба Сурия, Кофӣ Аннон, мебошад, рӯзи шанбе дар Женева баргузор хоҳад шуд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, рӯзи сешанбе ба зарурати даъвати Эрон ба ин конфронс таъкид кард. Амрико, Бритониё, Фаронса ва Чин – чаҳор узви доимии Шӯрои амнияти СММ ҳанӯз ширкаташон дар нишасти Женеваро таъйид накардаанд.