НАТО суқути ҳавопаймои ҷангии Туркияро, ки бо дасти нерӯҳои Сурия ба амал омадааст, амали ғайри қобили қабул номид.
Дар чорчӯби баҳси ҳамлаи нерӯҳои зиддиҳавоии Сурия, ки ҳафтаи гузашта ҳавопаймои ҷангии Туркияро сарнагун кардаанд, НАТО ба таври возеҳ аз Туркия пуштибонӣ намуд. Сарвазири Туркия, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ҳам бо лаҳни шадид ба Сурия ҳушдор дод, ки кишвараш таҳдидҳои низомии Сурияро таҳаммул нахоҳад кард.
Шореҳи Радиои Озодӣ, Мардирост Соқом, бо ишора ба пуштибонии байналмилаливу дохилӣ, мегӯяд, воқеан Туркия як шансе дорад, ки бо роҳи низомӣ дар пайи маҳви режими Башор Асад шавад, вале ӯ меафзояд, Анкара набояд сабақҳои таърихро фаромӯш кунад: "Ҳамеша дар зеҳни арабҳо ин хотира ҳаст, ки туркҳо ва давлати усмонӣ дар ин минтақа ҳокими империя буданд. Арабҳо намехоҳанд, ки Туркия аз нав хоки ягон кишвари арабиро тасарруф кунад. Пас, Туркия бояд хеле ҳушёр ва мувозиб бошад, ки дахолати низомии Туркия ба хушунати арабҳо бар зидди туркҳо табдил наёбад.”
Аз сӯе ҳам, дар миёни шореҳони умури Ховари Миёна ин назар ҳоким аст, ки Туркия ҳадди ақал дар ибтидои ин бӯҳрон дар пайи барканории режими Сурия набуд ва президент Башор Асадро коршарики ҷиддии худ ҳисоб мекард.
Шореҳи Радиои Озодӣ, Аббоси Ҷаводӣ, мегӯяд, то оғози ба истилоҳ “Баҳори Араб” дар иртиботи Туркия на танҳо бо Сурия, балки бо дигар мамолики арабӣ ҳам мушкиле ба назар намерасид: "Воқеият ин аст, ки Туркия равобити хубе бо ин ҳукуматҳо дошт: бо Башор Асад, бо раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ, бо раҳбари Миср Ҳуснӣ Муборак, раҳбари Тунис Бин Алӣ ва ғайраву ғайра. Мунтаҳо, вақте дар ин кишварҳо ҳаракати мардумӣ бархост, Туркия бояд интихоб мекард, ки бо ҳукумат аст ва ё мардум? Интихоби Туркия рӯшан аст, ки тарафи мардумро гирифтааст."
Ин ақидаро устоди Донишгоҳи давлатии гуманитарии шаҳри Маскав, Григорий Косач, ҳам дастгирӣ мекунад. Ба гуфти номбурда, ӯҳдадории башарии ҳукумати Туркия дар назди мардуми Сурия ва мавҷи паноҳандагоне, ки ҳар рӯз аз Сурия ба Туркия фирор мекунанд, мақомоти Анкараро ба гирифтани мавқеи шадид дар муқобили режими Асад водор кардааст. Ба қавли ин шореҳи рус, мавқеи Туркия дар муқобили Сурия танҳо бо ҳодисаи сарнагунии ҳавопаймои ҷангии Туркия муайян нашуда, заминаҳои объективӣ дорад. Ҳамчунон Григорий Косачро арзёбии ин ҳодиса дар матбоути Русия нигарон кардааст, ки метавонад ба амиқрафти бӯҳрон кумак расонад: “Дар матбуоти Русия шарҳу тафсирҳои низомиёни Русияро мебинам, ки мегӯянд, ба шарофати силоҳу муҳимоти зиддиҳавоии Русия ҳарими ҳавоии Сурия барои ҳамлаҳои эҳтимолӣ баста шудааст. Онҳо хурсандӣ мекунанду ба ин восита боиси амиқтар шудани бӯҳрони Сурия мегарданд.”
Дар бӯҳрони Сурия ва мавқеъгирии Туркия дар қиболи он ҳамчунон омили мазҳабӣ хотирнишон мешавад. Дар Сурия ҳукумат таҳти тасарруфи ақаллияти шиамазҳаб қарор дорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки Туркия ва нерӯҳои мухолифи режими Асад ба ваҷҳи умум мусулмолнони суннимазҳаб мебошанд. Ҳамин омили мазҳабӣ ҳамчун мояи асосии пуштибонии сарсахтонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз режими Сурия низ ёд мешавад. Шореҳон таъкид мекунанд, ки бо маҳви режими Асад Эрон муҳимтарин муттафиқаш дар Ховари Миёнаро аз даст медиҳад.
Мардирост Соқом мегӯяд, шояд мавқеи шадиди Туркия ҳам бо назардошти манфиати иттифоқчиёни ғарбии Анкара бошад: “Ин шояд як сиёсати куллии кишварҳои ғарбӣ бошад, ки бовар доранд, агар давлати Сурия иваз шавад ё ҳатто агар эътилофӣ бошаду дар он мухолифин узвият дошта бошанд, равобити Сурия бо Эрон камтар самимӣ хоҳад буд ва Эрон танҳо муттаҳидаш дар минтақаро аз даст хоҳад дод.” Вале ба ҳар ҳол дар марҳилаи ҳозира назари шореҳон ин аст, ки Туркия бар зидди Сурия амалиёти низомӣ раҳандозӣ нахоҳад кард.