Иҷозаи убур аз роҳҳои Тоҷикистон ба нақлиёти Афғонистон

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои убуру мурури нақлиёти Афғонистон аз роҳи Душанбе – Ҷиргатол - Қарамиқ—Саритош мухолиф нестанд.

Як манбаъ дар вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои убуру мурури нақлиёти Афғонистон тариқи роҳи Душанбе – Ҷиргатол - Қарамиқ—Саритош ризоияти худро ба мақомоти зидахли Қирғизистон ироа кардаанд. Бино ба ин манбаъ, дар ҳоли ризоияти Бишкек Афғонистон метавонад аз ин роҳ истифода кунад.

Роҳи Душанбе – Ҷиргатол - Қарамиқ—Саритош, ки Тоҷикистону Қирғизистонро аз қисмати шарқӣ ба ҳам васл мекунад, зимни тавофуқи нахуствазирони ду кишвар бояд мақоми байнулмилалӣ гирад ва дар ҳоли ҳозир танҳо аз сӯи ду кишвар истифода мешавад. Дар гузашта мақомоти Қирғизистон ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳаракати ғайриқонунии транзити нақлиёти бору колое, ки аз Чин ба Тоҷикистон интиқол меёбанд, дар Қарамиқ гузаргоҳи марзӣ бунёд карда буд.

Ба навиштаи сомонаи Ҳукумати Қирғизистон, мошинҳои борбари Чин ҳангоми ворид шудан ба қаламрави ин кишвар, аз гузаргоҳи «Иркештам-Саритош-Ош» убур накарда, мустақиман аз гузаргоҳи Иркештам ба Қарамиқ омада, аз онҷо вориди ноҳияи Ҷиргатол, қаламрави Тоҷикистон мешаванд.

Масъулин мегӯянд, Афғонистон ҳамчунин мехоҳад ба ҳаққи истифодаи роҳи Душанбе – Қулма – Қароқурум даст ёбад, аммо дар ин маврид ҳанӯз тавофуқе ҳосил нашудааст. Онҳо мегӯянд, иҷозаи махсуси истифода аз роҳҳо бо назардошти ҳимояти бозори дохилӣ дода мешавад.