WHO гуфт, дар Осиёи Марказӣ мӯътодони тазриқии маводи мухаддир бештар ба бемории Вич-СПИД гирифтор мешаванд.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (WHO) ин ҳафта гуфт, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мӯътодони тазриқии маводи мухаддир ё онҳое, ки бо сӯзандорӣ ҳероин масраф мекунанд, бештар аз дигар гурӯҳҳо ба бемории вируси норасоии масунияти бадан гирифтор мешаванд. Ин созмони байнулмилалӣ дар идома афзудааст, ҳукуматҳои минтақа бояд барои ҷилавгирӣ аз ин тамоюл кори бештаре анҷом бидиҳанд.
Мартин Доногю, ҳамоҳангсози барномаҳои марбутаи созмон дар сӯҳбате бо Радиои Озодӣ гуфт, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ин ҳафта бо ҳузури намояндагони кишварҳои минтақа шеваҳои ҷилавгирӣ аз шиддат гирифтани ин тамоюлро баррасӣ карданд: “Бемории вируси норасоии масунияти бадан, дар миёни мӯътодони тазриқӣ дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, як мушкили бузург аст. Масалан дар Тоҷикистон бештар аз 50 дар сади мавориди сирояти бемории вируси норасоии масунияти бадан дар миёни мӯътодони маводи мухаддир ба назар мерасад ва айни ҳамин тамоюлро дар тамоми кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мушоҳида мекунем. Аксари гирифторони нав ба беморӣ дар миёни мӯътодони тазриқӣ ҳастанд. Мо ба минтақа омадем, то миқёси ин мушкил дар Осиёи Марказиро арзёбӣ карда ва ҳамчунин шеваҳои беҳтарини мубориза бо ин мушкилиро бубинем."
Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, айни тамоюл дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад. Дар ин замина чӣ омор вуҷуд дорад?
Мартин Доногю: "Дар кишварҳои дигар, масалан дар Қазоқистон, бештар аз 60 дар сади гирифторӣ ба бемории вируси норасоии масунияти бадан дар миёни мӯътодони тазриқии маводи мухаддир мушоҳида мешавад, дар Қирғизистон ҳам бештар аз 60 дар сад ва дар Узбакистон зиёда аз 50 дар сад аст. Омори дурусте аз Туркманистон надорем, зеро онҳо гузориш медиҳанд, ки дар ин кишвар ягон нафар ба бемории вируси норасоии масунияти бадан гирифтор нашудааст. Тасвири умумӣ ин аст, ки дар тамоми кишварҳои минтақа аз 50 то 70 дар сади гирифторони беморони вируси норасоии масунияти бадан аз сӯзандоруҳои олуда сироят шудаанд. Ҳамингуна вазъ дар инҷо бисёр ҷиддӣ аст. Дигар ин ки бемории вируси норасоии масунияти бадан дар минтақа густариш меёбад, агар дар дигар гӯшаҳои дунё мо шоҳиди он ҳастем, ки суръати густариши беморӣ кундтар ва таҳти назорат гирифта мешавад."
Радиои Озодӣ: Дар баёнияи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта мешавад, ки мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба масъалаи густариши беморӣ дар миёни мӯътодони тазриқӣ ба қадри кофӣ аҳамият намедиҳад? Чаро ҳукуматҳо ин мушкилро нодида гирифтаанд?
Мартин Доногю: "Наметавонам бигӯям, ки ҳукуматҳо ин мушкилро нодида гирифтаанд. Ба андешаи ман, як масъала ин аст, ки бемории вируси норасоии масунияти бадан ба ин минтақа назар ба манотиқи дигар дертар расид. Аммо густариш ёфт ва аз соли 1999-ум то охирҳои соли 2000-ум ҳукуматҳо дар расидагӣ ба ин масъала таъхир карданд, зеро бинобар набуди назорат миқёси беморӣ дуруст шинохта нашуда буд. Аммо бо беҳтар шудани назорат мо ошкор кардем, ки вазъ ҷиддӣ аст ва кишварҳои минтақа бо мусоидати Бунёди ҷаҳонӣ, барномаҳои ҷилавгирӣ аз беморӣ ва табобати беморонро шурӯъ карданд. Мушкил ин аст, ки барномаҳо дар сатҳи боло амалӣ намешаванд, аз ин рӯ Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва дигар муассисаҳои имдодии Созмони Милал тавсия медиҳанд, ки барои мӯътодони тазриқии маводи мухаддир як бастаи комили барнома иҷро шавад, сар аз тақсими сӯзандору дар байни онҳо, табобати онҳо бо шеваи ҷойгузин кардани ҳероин бо навъҳои камтаъсири афюн ба мисли метадон ва табобати ретровирусии онҳо."