Ҷашни асосии Сулҳ имсол дар Душанбе доир мешавад

Имсол маҳалли аслии таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ шаҳри Душанбест, ки феҳристи маросими идонаро нашр кардааст.
Дар остонаи 15-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки рӯзи 27-уми июн таҷлил хоҳад шуд, пойтахт - шаҳри Душанберо бо шиору овезаҳои гуногун дар бораи ин рӯз оро додаанд. Ба гуфтаи мақомот, имсол рӯзи Ваҳдати миллӣ назар ба солҳои гузашта бошукӯҳтар таҷлил хоҳад шуд ва телевизионҳои давлатӣ ҳам гузориш медиҳанд, ки ҳама ноҳияҳои кишвар барои истиқболи ин ҷашн худро омода кардаанд. Вале маълум нест, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, кай доир ба таҷлили ин ҷашн суханронӣ хоҳад кард, ё дар кадом ҷашни асосӣ ҳузур хоҳад дошт.

Имсол маҳалли аслии таҷлили ҷашн шаҳри Душанбест, ки феҳристи маросими идонаро нашр кардааст. Аз ҷумла, баргузории маросими муштараки арӯсии 60 ҷавон аз хонаводаҳои мӯҳтоҷ, мусобиқаи аспдавонӣ ё чобуксаворӣ, гуштии миллӣ ва ҳунарнамоии овозхонҳову ромишгарон дар гӯшаву толорҳои мухталифи пойтахт бахше аз чорабиниҳои зикршуда дар феҳрист аст.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон баъд аз имзои созишномаи сулҳ миёни мухолифини пешин ва ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзи 27-уми июни соли 1997-ум ҳамасола таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн иди расмист ва ба ин муносибат 27-уми июн дар кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст. Имзои созишномаи сулҳ дар 15 соли пеш ба ҷанги панҷсолаи харобиовари дохилӣ дар Тоҷикистон хотима дод, ки бино ба омори тахминӣ беш аз 150 ҳазор кушта бар ҷой гузошта ва ҳудуди 7 миллиард доллар хисорот ворид кардааст.

Дар чанд соли ахир ҷашни Ваҳдати миллӣ дар навоҳии гуногуни кишвар, аз ҷумла Рашту Ваҳдат, Ҳисору Хуҷанд ва Кӯлобу Хоруғ баргузор шудааст, вале роҳбарияти мухолифини пешин пайваста гуфтаанд, ки онҳоро ба ҷашнҳои расмӣ ба унвони як ҷониби сулҳ даъват намекунанд. Дар остонаи ин ҷашн, матбуоти мустақили кишвар ҳам аз сиёсатҳои ҳукумат интиқод карданд, ки натавонистааст, бо вуҷуди гузашти 15 сол мардумро ба ваҳдати воқеӣ бирасонад ва ҳанӯз ҳам тафриқа ва беэътимодӣ дар миёни гурӯҳҳову маҳалҳои мухталиф вуҷуд дорад.

Раҳбарони мухолифини пешин ҳам дар мусоҳиба бо рӯзномаҳо шикоят кардаанд, ки ҳукумат бар хилофи аҳдҳои додааш, аксари онҳоро аз майдон хориҷ кард, вале натавонист бо вуҷуди суботу оромӣ, иқтисоди бемори кишвар ва зиндагии мардумро беҳтар кунад. Дар остонаи таҷлил аз имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Душанбе вазорати умури дохилӣ эълон кард, ки дар шаҳри Душанбе муқаррароти гашту гузор бо шиноснома ҷорӣ мешавад. Вазорат аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, “бояд барои пешниҳоди шиносномаҳояшон ва ҷои зисти муваққатии худ ба кормандони милиса кӯмаки шаҳрвандии худро расонанд. Ин пеш аз ҳама барои пешгирии ҳамагуна қонунвайронкунӣ ва ҷиноятҳо мусоидат хоҳад кард."