Ҷамил Афридӣ бародари табибе, ки гӯё дар ёфтани Усома бин Лодан ба Хадамоти Истихборотии Амрико кӯмак кардааст, мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида бародари ӯро “бадному расво” кард. Дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабаргузории “Ройтерс”, Ҷамил Афридӣ гуфтааст, аз сарнавишти бародараш Шакил Афридӣ амиқан нигарон аст, ки ӯро дар ҳуҷрае дар зиндони Пешовар нигаҳ медоранд. Додгоҳи Покистон Шакил Афридиро бо гуноҳи кӯмак ба гурӯҳи тундрави Лашкари Ислом ба 33 соли зиндон маҳкум кард, аммо тарафдоронаш, мегӯянд, мақомот аз ӯ ба хотири кӯмакаш дар ёфтани паноҳгоҳи Усома бин Лодан дар шаҳри Абутободи Покистон ниқор гирифтаанд. Шакил Афридиро дар ҳуҷраи танҳо нигаҳ медоранд, то тундравони зиндонӣ барои қатли Усома аз ӯ қасос нагиранд.