Туркия гуфт, амали Сурияро беҷавоб нахоҳад монд

Абдулло Гул гуфт, Туркия қазияи суқути ҳавопаймои ҷангӣ аз тарафи нерӯҳои Сурияро беҷавоб нахоҳад гузошт.
Хабаргузории расмии “Анатолия”-и Туркия аз қавли Абдулло Гул, раисиҷумҳури ин кишвар, навиштааст, баъди ин ҳодиса ҳар коре, ки зарур аст, “карда хоҳад шуд”.

Маълум нест, раисиҷумҳури Туркия дар куҷо дар ин бора сӯҳбат кардааст, вале гуфтааст, парвози ҳавопаймоҳои ҷангӣ бо суръати баланд ва убури марз аз тарафи онҳо дар масофаи кӯтоҳ як кори маъмулист. Ба гуфтаи Абдулло Гул, таҳқиқот маълум хоҳад кард, ки ҳавопайморо дар қаламрави ҳавоии Туркия задаанд ё дар Сурия.

Пештар аз ин, хабаргузории расмии САНА-и Сурия таъйид кард, ки “як ҳадафи ношиноси ҳавоиро сарнагун карданд, ки қаламрави ҳавоии Сурияро нақз карда, аз самти ғарб бо суръати баланд" дар шарқи Баҳри Миёназамин парвоз мекард. Ба гуфтаи сухангӯи артиши Сурия, ду кишвар ҳамроҳ барои ёфтани халабонҳои ҳавопаймо ҳамкорӣ мекунанд. Абдулло Гул, раисиҷумҳури Туркия афзудааст, мақомоти кишвараш бо Сурия доир ба ҳодиса иртиботи телефонӣ доранд ва ҷустӯҷуи халабонҳои бенишоншуда идома дорад.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, гуфтааст, ба маҳзи ин ки ҳама ҷузъиёти ҳодиса мушаххас шавад, кишвараш иқдомоти лозимро хоҳад андешид. Агарчӣ матбуоти Туркия гуфт, Сурия барои суқути ҳавопаймои туркӣ узр хостааст, аммо дар баёнияи Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ин бора ҳеҷ ишорае нашудааст. Артиши Туркия ҳеҷ чизе доир ба маъмурияти ин ҳавопаймои ҷангӣ нагуфтааст, аммо бино ба гузоришҳои телевизионҳои туркӣ, ин ҳавопаймо машғули парвози иктишофӣ будааст.

Ҳодисаи мазкур ғолибан муносиботи Туркияву Сурияро бадтар хоҳад кард, чун раҳбарони Туркия аз Башор Асад -- раисиҷумҳури Сурия хостаанд, бинобар қиёмҳои мардумӣ дар ин кишвар аз мақомаш истеъфо диҳад. Туркия то кунун ба далоили амниятӣ дипломатҳояшро аз Сурия ихроҷ карда ва дар урдугоҳе дар марзи худ ба бештар аз 32 ҳазор паноҳандагони Сурия паноҳ додааст.