Фарҳод Неъматов, варзишгари тоҷик, дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон дар риштаи таэквон-до WTF ширкат хоҳад кард.
Фарҳод Неъматов дар мусобиқаи интихобии қораи Осиё дар пойтахти Тайланд – шаҳри Бангкок ҳамроҳи Алишер Гулов, таэквондочии дигари тоҷик, ба ҳаққи ширкат дар Олмпиадаи Лондон-2012 мушарраф гаштаанд.
Алишер дар рақобатҳо дар вазни беш аз 80 килограмм мақоми дувум ва Фарҳод дар вазни то 80 килограмм мақоми севумро касб карданд ва роҳхатҳои олимпӣ ба даст оварданд.
Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони тоҷик барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ дар риштаи таеквон-до WTF ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Фарҳод Неъматов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи омодагиаш ба Бозиҳои олимпии Лондон иттилоъ дод. Вай гуфт, “мо, аслан, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон тамрин кардем ва омодагиамон ба Олимпиадаи Лондон хуб аст. Бароямон Кумитаи миллии олимпӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Федератсияи таэквондо ВТФ-и кишвар шароити заруриро фароҳам кардаанд. Ба ману Алишер ҳар моҳ стипендияи олимпӣ ба маблағи 500 доллари амрикоӣ дода мешавад. Ман орзу дорам, ки дар Олимпиадаи Лондон соҳиби ҷоиза шавам ва Парчами Тоҷикистонро баланд бардорам.”
Фарҳод Неъматов меҳмони барномаи “Ҷаҳони варзиш”-и Радиои Озодӣ буд. Шореҳи варзиш Нарзуллоҳи Латиф бо ӯ сӯҳбате орост, ки ба таваҷҷӯҳи Шумо пешкаш мешавад.
Шарҳи ҳоли Фарҳод Неъматов: 22-юми ноябри соли 1989 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи рақами 10-и ноҳияи Исмоили Сомониро хатм кардааст. Ҳоло донишҷӯи соли панҷуми факултаи таърихи Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Соли 2010-ум оиладор шудааст. Ҳамсараш Таҳмина Хоҷаева низ бо таэквон-до WTF машқ мекард. Фарҳод аз синни 10-солагиаш ба таэквон-до шуғл меварзад. Мураббии аввалинаш Таҳмина Исомова мебошад. Фарҳод узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон аст ва аз соли 2009-ум таҳти роҳбарии мутахассиси хориҷӣ Ҷон Ҷонг Ху тамрин мекунад. Фарҳод Неъматов қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон ва ғолиби мусобиқоти байналмилалист.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад