Фаъолон мегӯянд, ки стратегияи Осиёи Марказии Иттиҳодияи Аврупо ҳуқуқи башарро сарфи назар мекунад.
Бо гузашти панҷ сол аз қабули стратегияи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ, созмони Human Rights Watch аз таназзули нишондодҳои ҳуқуқи башар дар қаламрави кишварҳои минтақа интиқод кардааст.
Дар муроҷиат ба Иттиҳодияи Аврупо 46 созмони байнулмилалӣ ва ҷамъиятии мудофеи ҳуқуқи инсон дар ин қаламрав, аз ҷумла 13 созмони фаъол дар Тоҷикистон, аз мақомоти аврупоӣ даъват кардаанд, ки дар баробари татбиқи ҳадафҳои худ, инчунин аз раҳбарони Осиёи Марказӣ эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқи инсонро ҷиддан тақозо кунанд. Ин созмонҳо мехоҳанд, бархӯрди Иттиҳодияи Аврупо ба масъалаи ҳуқуқи башар дар минтақа идомаёбанда ва бонатиҷа бошад, ҳуқуқи башарро қурбони ҳадафҳои энерживу амниятӣ накунад ва мавзӯи ҳуқуқи башарро дар равобит бо ҳукуматҳо ошкоро ва барҷаста гардонад.
Даҳҳо созмони иҷтимоии ҳомии ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ ва ҳам Арманистон, Русия, Озарбойҷон, Фаронса, Австрия, Белгия, Амрико, Бритониё, Молдова ва Литва дар муроҷиат ба Иттиҳодияи Аврупо хостаанд, ба ҳангоми иҷрои стратегияи худ дар Осиёи Марказӣ дар амри риояи ҳуқуқи инсон тадбирҳои муассир биандешанд. Моҳи июни соли 2007-ум Иттиҳодияи Аврупо чаҳорчӯби ҳамкориҳояш бо Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистонро дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва масоили дигар мушаххас карда ва гуфта буд, масъалаи ҳуқуқи инсон аз мавзӯъҳои меҳварии ин стратегия хоҳад буд.
Вале дар ин бахш,- мегӯянд созмонҳо,- стратегияи Аврупо муассир набуд ва вазъи куллии ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ на ин ки пешрафт накард, балки дар баъзе бахшҳо хеле бадтар шуд. Ин заъфро худи аъзои Иттиҳодияи Аврупо дар як гузориши муштараки худ ҳам соли 2010-ум эътироф карданд.
Илова ба ин, созмонҳои ҷамъиятӣ пешниҳод доранд, ки Аврупо ҳадафҳои худро дар масъалаи ҳуқуқи инсон барои ҳар кишвар ба таври мушаххас маълум карда, барои тағйироти бонатиҷа дар ин самт талош ба харҷ диҳад. Ба роҳ мондани музокирот дар мавзӯи ҳуқуқи башар бо ҳукумати ин кишварҳо ва бо ҷалби созмонҳои ҷамъиятӣ аз дигар тақозоҳои ин созмонҳо будааст.
Баргузории семинару нишастҳо дар ҷумҳуриҳое мисли Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон чун минбари муносиби баррасии масъалаҳои ҳуқуқи башар арзёбӣ мешавад, ки айни замон бояд бо омодагиҳои беҳтар ва амиқтар барпо шаванд. Бо назардошти мушкили барпо кардани чунин нишастҳо дар кишварҳои, ба қавли созмонҳо, “аз ҳад зиёд саркӯбгари Узбакистон ва Туркманистон”, бояд дар фикри ташкили ин маҳфилҳо дар давлатҳои ҳамсоя шуд, таъкид шудааст дар муроҷиатнома.
Аз тақозоҳои муҳими дигари ин созмонҳо даъват ба ҳамкории наздиктари Иттиҳодияи Аврупо бо созмонҳои мустақили ҳуқуқи башар дар минтақа мебошад. Зери ин муроҷиатнома созмонҳое ба монанди Бюрои байнулмилалии ҳуқуқи башари Қазоқистон, Human Rights Watch, Ҷамъияти ҳуқуқи башари Узбакистон, Ташаббуси Туркманистон барои ҳуқуқи башар, Эътилофи ҳуқуқшиносони Тоҷикистон, НАНСМИТ, “Авесто”, Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ташаккули “Қонун ва шукуфоӣ” (Душанбе) ва даҳҳо дигар созмонҳо имзо гузоштаанд.
Ҳанӯз Иттиҳодияи Аврупо дар ин замина вокуниш нишон надодааст.