"Бад нест, афғонҳо дар Тоҷикистон муқимӣ шаванд"

Имрӯз, 20-уми июн, ҷаҳониён бо ибтикори СММ рӯзи паноҳандагонро таҷлил мекунанд, то ба сарнавишти даҳҳо миллион фирориёну муҳоҷирон таваҷҷӯҳ шавад.
Шумори умумии паноҳандагон дар саросари олам дар ҳоли ҳозир беш аз 43,7 миллион нафарро ташкил медиҳад ва дар садри ин феҳраст Афғонистон қарор дорад.

Солҳои истиқлолияти Тоҷикистон бино бар ҷанги дохилӣ ва ҳам мушкилоти иқтисодӣ дар ҳудуди як миллион аҳолии ин кишвар дар ҷустуҷӯи нону зиндагии беҳтар кишварро тарк карданд. Аз рӯи баъзе ҳисобҳо, ҳар хонаводаи сеюм дар Тоҷикистон бо кӯмаки наздикони муҳоҷирашон зиндагиро пеш мебаранд, вале дар забони ҳуқуқ, мақоми онҳо муҳоҷирони корист.

Дар таърихи навини Тоҷикистон мардуми ин кишвар бори аввал дар солҳои ҷанги дохилӣ талхии муҳоҷирату фирорро чашидааст. Дар солҳои 1990-ум даҳҳо ҳазор сокини ин кишвар дар давлатҳое мисли Русия, Туркманистон, Қирғизистону Қазоқистон, Афғонистону Покистон паноҳ ёфтанд ва зарбаҳои зиёде диданд. Вале ҳоло Тоҷикистон худ ба унвони давлати мизбони муваққатии паноҳандагон истифода мешавад, ки аксари муҳоҷирони хориҷиашро шаҳрвандони Афғонистон ташкил медиҳанд.

Хосе Июседа, намояндаи Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон, мегӯяд, ин созмон баъди он ки дар соли 1993-юм дар Тоҷикистон дафтарашро боз кард, то кунун хеле барномаҳояшро дигар кардааст.

Июседа: "Бисёриҳо намедонанд, аммо солҳои 1990-ум Афғонистон ҳудудан 50 ҳазор мардуми тоҷикро сарпаноҳ дода буд ва дар ҷараёни барқарории сулҳ ҳамаи онҳо дубора ба ватан баргардонида шуданд. Ҳоло мо барои кӯмак ба муҳоҷирони афғон кор мекунем, ки шуморашон дар Тоҷикистон то панҷ ҳазор нафар мерасад. Мо барномаҳои зиёде барои онҳо пиёда кардаем, дар фикри сиҳҳативу таълими онҳо ҳастем. Барои хонаводаҳои аз ҳад зиёд заъфпазир дар пардохти ҳаққи иҷора кӯмак мекунем, то ки онҳо хонаводаашонро бо ғизо таъмин кунанд. Ба наздикӣ мо бо як бонки байналмилалӣ созише ба имзо расондем, ки имкони кушодани сурат-ҳисобҳоро дар бонкҳои маҳаллӣ ва гирифтани кредитҳои хурд имконият фароҳам меорад. Инчунин дар гирифтани мақоми паноҳандагӣ ҳам мусоидат мекунем. Баъзе аз онҳо мехоҳанд бо шарҳвандони Тоҷикистон оила бунёд кунанд ва мо бо ҳукумат музокира дорем, ки барои баррасии ин кишвар ба унвони давлати иқомати тӯлонимуддат ва қонунӣ ризоият диҳанд."

Рӯзгори паноҳандагон дар тасвирҳо



Озодӣ: Медонем, ки афғонҳои бисёр Тоҷикистонро ба унвони кишвари гузор барои дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ дар кишварҳои сеюм истифода мекунанд. Замоне сухан дар бораи садҳо шаҳрванди Афғонистон мерафт, ки асосан дар Канада ҳаққи зиндагиро ба даст оварда рафтанд. Ҳоло вазъ чӣ гуна аст?

Июседа: "Бале, муҳоҷирони зиёд мехоҳанд, ки дар кишварҳои сеюм маскан гиранд. Бо кӯмаки Канада, Амрнико ва давлатҳои Аврупои Шимолӣ мо ҳар сол дар ҳудуди 10-20 хонаводаро ба он ҷо барои зиндагии доимӣ мефиристем. Ин чиз ба манфиати худи ин давлатҳо ҳам ҳаст. Дар гузашта, бешубҳа, Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон барномаи калонтари бахшиши мақоми паноҳандагӣ ба муҳоҷиронро дар давлатҳои сеюм пиёда мекард, ки тибқи он беш аз 1500 шаҳрванди Афғонистон аз Тоҷикистон бароварда шуданд. Вале ҳоло ин кор чандон осон нест, чунки давлатҳои мизбони муҳоҷирон ба кишварҳои дигар, мисли Сурия, Африқои Шимолӣ ва Ироқ бартарӣ медиҳанд. Мутаассифона, ҳоло шаҳрвандони Афғонистон бартарӣ надоранд. Аз сӯи дигар, ба назари мо, бад нест, ки афғонҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон муқимӣ шаванд, ба хотири ин ки умумиятҳои фарҳангиву мазҳабӣ доранд."